Роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Мурғоб-Қароқум пас аз 15 рӯз боз шуд

Июль 24, 2017 11:27

ХОРУҒ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қитъаи 800 метраи роҳ дар деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз, ки бар асари ҷорӣ шудани сел комилан аз байн рафта буд, пас аз ним моҳ дуюмбора барқарор  шуд. Субҳи имрӯз, 24 июл ин қитъаи роҳ ба рӯи  мошинҳои мусофирбару боркаш боз гардид. Сардори идораи нигоҳдории роҳҳои ин ноҳия Сулаймон Муллоёров гуфт, ки мутобиқи нақша ин қитъаи роҳ, ки аз кӯҳи хоро иборат буд, бояд дар давоми як моҳ боз мешуд, аммо баъди кумаку дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар 15 рӯз қабл аз нақша мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо супориши Пешвои миллат ба қитъаи роҳ техникаи иловагии пуриқтидор аз НБО «Роғун» интиқол дода шуд, ки ин кори роҳсозонро ба маротиб осон гардонид.

Сардори Маркази матбуоти Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева гуфт, ки ба хотири кушода шудани ин роҳи воқеан барои кишвар муҳим дар маркази ноҳияи Дарвоз бо ширкати ронандагону мусофирон ва сокинони ноҳия ҷамъомад баргузор шуд. Иштирокдорон  ба Пешвои миллат ва кулли роҳсозон изҳори минатдорӣ намуданд. Зеро  пешрафти ҳаёту иқтисоди кишвар аз ҳар ҷиҳат ба ин роҳи байналмилалӣ вобаста аст. Баъди баста шудани роҳи мазкур нарху наво дар бозору мағозаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як баробар боло рафт ва баъзе аз намудҳои маводи озуқа камчин гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки  9 июл бар асари ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Деҳхои Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон маҷрои дарёи Панҷ баста шуд ва 800 метр қитаъи роҳ дар деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвози Тоҷикистон зери об монд. Аз ин рӯ, ҳаракати нақлиёт аз тариқи ағбаи Хобу Рубот ба роҳ андохта шуд.

Июль 24, 2017 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид