Рустам Назарзода: «Имсол дар қаламрави Тоҷикистон 51 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ рух дод»

Июль 20, 2017 14:20

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Соли равон дар натиҷаи офатҳои табиӣ  27 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, зарари моддӣ 14 миллиону 541 ҳазору 400 сомониро ташкил дод. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда,  дар зарфи шаш моҳи соли 2017 дар қаламрави кишвар 51 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи онҳо 92 хонаи истиқоматӣ (20 хона пурра), 556.87 гектар майдони кишт, 15 пул ва  7 муассисаи  мактабӣ ва томактабӣ  зарар диданд.

«Имрӯз Кумита барои  бартараф намудани мушкилот дар роҳҳои мошингард, аз барф ва тарма тоза намудани объектҳои роҳҳои нақлиёт, таҳияи нақшаи нави сохтмони иншоотҳои ҳимоявӣ дар роҳҳои мошингарде, ки аз баландкӯҳҳо мегузаранд, корҳои зиёд  анҷом дода, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода  тадбирҳо меандешад»,- гуфт Рустам Назарзода.

Ба иловаи  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар самти бартарафсозии мушкилот 10  феврали соли равон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода доир гашт, ки   дар ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида, бахусус оилаҳое, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ наздикони худро аз даст додаанд, дастуру супоришҳои мушаххас  дода шуданд.

Июль 20, 2017 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад