«Суханҳои ҳикматомўзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» нашр гардиданд

Июль 11, 2017 11:27

ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт ба забони тоҷикӣ китоби арзишманд таҳти унвони «Суханҳои ҳикматомўзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дар ҳаҷми 464 саҳифа, бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад. Ин китоб дар сатҳи баланди фарҳанги табъу нашр ва бо истифода аз нигораҳои миллӣ мунташир шудааст.

Дар ин маҷмўа суханҳои ҳикматомўзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзўъҳои мухталиф, аз ҷумла дар бораи Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, таърих, забони модарӣ, одобу ахлоқ, таълиму тарбия, занону бонувон, ҷавонон, ҷашни Наврўз, Конститутсияи ҷумҳурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода ва сармуҳаррири ин китоб доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия Масрур Абдуллоев изҳори умедворӣ намудаанд, ки омўхтан ва дастури амал қарор додани ин нуктаҳои ҳакимона ва афкори баланди Пешвои миллат ба падарону модарон, устодони мактабу донишгоҳҳо ва мураббиёни муассисаҳои тарбиявӣ дар кори парвариши насли наврас, ки масъули ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон мебошад, мусоидат хоҳад кард.

Шакли электронии ин нашрия дар инҷо дастрас аст:

Қисми 1

Қисми 2

Қисми 3

 

Июль 11, 2017 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид