ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 15 июл, шанбе, 196-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 169 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 15, 2017 10:18

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

15 июли соли 2009 дар Миср зимни вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Филиппин хонум Глория Макапагал Ароййо масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду кишвар баррасӣ шуданд. Сарони ду давлат таваҷҷӯҳи асосиро дар мустаҳкам ва зиёд намудани ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун зоҳир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби боҳашамати дуошёна бо харҷи беш аз 10 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, ки барои 1240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

***

Инчунин 15 июли соли 2014 дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Данн масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Таъкид гардида буд, ки «Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи дурнамои сиёсати иқтисодӣ аз тавсияҳои муфиди Хазинаи байналмилалии асъор пайваста истифода мебарад».

***

Дар ин рӯз соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншоот ба шаҳри Роғун сафар када, дар он ҷо аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуда буданд.

15 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.

***

Дар Ботсвана – Рӯзи президент.

***

Дар Бруней  – Рӯзи султон.

РӮЙДОДҲО:

15 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар Миср дар маросими муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо тарҷума ба забони арабӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

15 июли соли 2016 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он наздик ба 40 масъала баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1922 Ҳизби коммунистии Япония таъсис дода шудааст.

***

15 июли соли 1923 Парлумони Италия конститутсияи навро қабул кардааст.

***

52 сол пеш, 15 июли  соли 1965 Конгресси ИМА қонунеро қабул намудааст, ки талаб мекунад дар қуттиҳои сигор ба саломатӣ зиён доштани он навишта шавад.

***

Дар ин рӯзи соли 1991 дар Англия рекламаи сигорро бе навиштаҷоти «Тамокукашӣ мекушад» манъ кардаанд.

***

15 июли соли 2016 дар Туркия табаддулоти ҳарбӣ сар зад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи 1000-солаи Япония вулқони Бандай фаввора задааст.

***

Соли 1933 аввалин  маротиба яккапарвозӣ бо ҳавопаймо дар гирди курраи Замин оғоз гардида буд.

Июль 15, 2017 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш