ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 29 июл, шанбе, 210-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 155 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 29, 2017 11:40

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

29 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай дар маросими оғози сохтмони бинои нави сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарони ду давлат бунёди бинои нави сафоратро ба кулли шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон ва, қабл аз ҳама, ба онҳое, ки миёни ду кишвар равуою ҳамкорӣ доранд, табрику таҳният гуфта буданд.

***

8 сол пеш, 29 июли соли 2009 Пешвои миллат муҳратам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба шаҳри Душанбе баҳри анҷом додани мулоқотҳои дуҷониба, сеҷониба ва чорҷониба бо сарони Тоҷикистону Покистону Русия ташриф оварда буд, мулоқот намуданд. Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ аз 27 апрели соли 2005 ба имзо растида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ва бо узвияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута фаъолият менамояд.

***

 29 июли соли 2014 дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэн масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуда буд. «Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои худ, ки аз Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай доир ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ бармеояд, ҳамеша устувор аст ва барои таъмини амну суботи минтақавӣ бо ҳамаи шарикони худ ҳамгироии пурсамар ба роҳ мондааст», — таъкид дошта буданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

29 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии паланг.

***

Дар Молдавия – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Руминия – Рӯзи суруди миллӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

 

29 июли соли 2009 дар доираи аввалин сафари расмии Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Осиф Алӣ Зардорӣ Меморандум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати Покистон ба имзо расида буд.

***

29 июли соли 1783 дар Исландия заминҷунбии харобиовар ба амал омадааст, ки дар натиҷа зиёда аз 9 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, якчанд дарё самти равиши худро дигар карданд.

***

 29 июли соли 1919 Ҳизби сотсиалистии ИМА таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1943 1 миллион нафар сокинон шаҳри Гамбурги Олмонро тарк карданд.

***

41 сол муқаддам, 29 июли соли 1976 Иттиҳоди Шӯравӣ санҷиши зеризаминии ядроӣ гузаронидааст.

***

29 июли соли 1988 Канада ворид шудани  варзишгарон ва мураббиёни Африқои Ҷанубиро манъ кардааст.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 

Соли 1930 аввалин ҳавопаймои мусофирбар аз Англия ба Канада парвоз кардааст.

***

Соли 1994 дар Австралия ҳарорати аз ҳама пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шудааст, ки  он -23,0°С – ро ташкил медод.

 

Июль 29, 2017 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 280-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, шанбе, 279-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, панҷшанбе, 277-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 276-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст