13 август — Рӯзи сохтмончиён. Дар бозори ҷаҳонии меҳнат сохтмончӣ яке аз серхаридортарин ихтисосҳост

Август 13, 2017 08:55

ДУШАНБЕ, 13.08.2017/АМИТ  «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон  таҷлил  мегардад, ки  имсол он ба 13 август рост омад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бинокорони тоҷик ба дастоварҳои беназир ноил гардиданд

Сохтмончӣ касби наҷибу пуршараф маҳсуб ёфта, аз инсонҳо на танҳо  донишу таҷриба, балки қобилияту фидокорӣ ва масъулияти баланд талаб менамояд. Дар ин росто,   сохтмончӣ дар бозори ҷаҳонии меҳнат яке аз ихтисосҳои серхаридортарин ба шумор меравад. Маҳз бо  шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи сохтмони мамлакат, хусусан бахши меъморию шаҳрсозӣ  дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, бинокорони тоҷик ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Зеро  дар давраи мустақилияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ, қомат афрохтани  биною иншооти таъйиноти гуногуни маъмурию фарҳангӣ ва маишию варзишӣ далели қадами   ҷиддӣ гузоштани кишвар дар самти   сохтмон ва меъморист. Бунёди «Қасри миллат», «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллӣ,  Парчами миллӣ, Нишонӣ миллӣ, Китобхонаи миллӣ, ки дар Осиёи Марказӣ назир надоранд, инчунин сохтмони даҳҳо адад меҳмонхонаҳои баландошёнаи замонавӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва тафреҳӣ, майдонҳои бузурги варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ  ва чандин иншооти барои иқтисодиёти кишварамон муҳим аз дастовардҳои беназири бинокорони тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон маҳсуб мешаванд. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ бунёди иншооти гуногуни замонавӣ  аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанию хориҷӣ бо истифода аз  масолеҳи нави сохтмонӣ ва технологияҳои муосир  бо суръат идома дошта,  ин раванд аз рушди бомароми соҳаи сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.  

Пешвои миллат — ташаббускори бунёдкорию навсозиҳо

 0DSC_1309 «Ташаббускори  бунёду навсозиҳо,  сохтмони иншооти азиму стратегӣ дар ҷумҳурӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат мебошанд, ки  ҳамеша соҳаи сохтмону меъмориро  ҳамчун бахши ҳаётан муҳими ҷомеа  дастгирӣ менамоянд»,- гуфт дар арафаи иди касбии сохтмончиён  раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед  Аҳмадзода. Мавсуф афзуд, ки  Кумитаи меъморӣ ва  сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори татбиқкунандаи сиёсати меъморию сохтмонӣ ва дар маҷмӯъ бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда,  дар самти амалӣ гардонидани ҳадафҳои бунёдкоронаи Пешвои  миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо истифода аз шароиту имконият ва иқтидорҳои созандагии кишвар  тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар доираи раванди созандагию бунёдкорӣ дар арафаи ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ  дар мамлакат садҳо  иншооти наву замонавӣ ба истифода дода шуданд, ки бозгӯи густариши бахши меъморию шаҳрсозӣ дар кишварамон  мебошад.

 

Бунёди биною иморатҳои замонавӣ симои Душанберо куллан тағйир додааст

          Дар пойтахти  кишварамон-  шаҳри Душанбе  тӯли солҳои охир сохтмони  меҳмонхонаҳо, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои   тиҷоратию фарҳангӣ ва варзишию солимгардонӣ  ба таври густурда ба роҳ монда шудааст, ки тамоми ин созандагиҳо симои пойтахти кишварамонро куллан дигаргун сохта, ба он зебоиву шаҳомат ато кардааст.  Хусусан омезиши санъати меъмории шаҳрсозии  аврупоию шарқӣ  ва истифодаи он  дар сохтмони биною иморатҳо ва дигар иншооти ҳозиразамон  дар пойтахт,  шаҳри Душанберо  ба яке аз пойтахтҳои  замонавию беназир дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубаддал гардонид.

Новобаста аз сармову гармо бинокорон паи меҳнати софдилонаанд

         Тамоми корҳои бунёдкорию навсозӣ дар кишварамон маҳз бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзӣ, арақи ҷабин ва обилаи кафи дастони  бинокорону сохтмончиёни матиниродаи диёрамон, ки новобаста ба мавсими сол ва гармию сардиҳои зимистону тобистон ҳамеша  софдилона меҳнат мекунанд, анҷом дода мешаванд.

Сохтмончиёни тоҷик дар соли равон иди касбии худро  бо дастовардҳои бузург таҷлил менамоянд, зеро дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 418 ҳазор  метри мураббаъ манзил  ба истифода дода шудааст. Фондҳои асосӣ  ба маблағи беш аз 1,1 миллиард  сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои  корҳои  сохтмонию васлгарӣ марзи зиёда аз 3,4 миллиард сомониро убур менамояд. Ҳамзамон дар ин давра барои беш аз 9 ҳазор талаба мактабҳои таҳсилоти   умумӣ, муассисаҳои томактабӣ барои 620  ҷой,  беморхона барои  164 кат  ва дармонгоҳ барои  152 қабул дар як баст ба истифода дода шуданд.

Таҳияи нақшаи  генералии беш аз 40 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба анҷом расонида шуд    

Раиси Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода мегӯяд, ки мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти таҳияи нақшаҳои генералии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  корҳои зиёд ба анҷом расониданд. Айни замон  таҳияи нақшаҳои генералии  46 шаҳру ноҳияҳои кишвар  пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои марбутаи   Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд. Инчунин нақшаҳои генералии  ноҳияҳои  Ҷалолиддин Балхӣ, Дӯстӣ, Ховалинг,  Мурғоб, Панҷакент ва Айнӣ  бо вазорату идораҳо  мувофиқа шуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардидаанд. Нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Қубодиён, Н. Хусрав, Ҳамадонӣ,  Панҷ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров барои мувофиқа дар вазорату идораҳои марбута қарор дошта,  нақшаи генералии ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Гулистон барои ворид намудани  тағйиру иловаҳои зарурӣ дар коркард мебошанд. Таҳияи нақшаи генералии  панҷ шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, назири  Бӯстон, Роғун, Фархор, Данғара ва Шаҳритӯс идома дорад.  Ҳамзамон лоиҳаи банақшагирии  23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат  мавриди тасҳеҳ қарор дошта, то охири сол ба анҷом расонида мешавад.

   Кодекси шаҳрсозӣ  танзимгари фаъолияти шаҳрсозию меъморист

 Дар ҷумҳурӣ бо мақсаи рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки фаъолияти соҳаро ба танзим медароранд. Яке аз ин санадҳо Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон қабул гардидааст.  Мавриди зикр аст, ки Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шарҳсозиро муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим менамояд.

Пешниҳоди хулоса нисбат ба 60 лоиҳаи ангоравӣ

     Маврид ба зикр аст, ки дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи  биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст. Комиссияи мазкур барои  дуруст ба роҳ мондани  ҷойгиршавии биноҳо  ва ба талаботи  замони муосир  ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои  биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон  тавсияҳои зарурӣ медиҳад. Комиссия то ин муддат  дар маҷмӯъ 60 лоиҳаи ангоравӣ ва кори биноҳои маъмурӣ  ва ҷамъиятиро, ки аз ҷониби мақомот, фармоишгарон  ва лоиҳакашон дастрас карда шудаанд, баррасӣ намуда, нисбат ба онҳо хулоса пешниҳод кардааст. Аз 60 лоиҳаи баррасигардида, 26 лоиҳа бо назардошти  таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва инобати он дар  дар лоиҳаҳои корӣ  қобили қабул дониста шуда, барои пешниҳод ба Раёсати  ташхиси давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии  шаҳрсозӣ  тавсия дода шуд.

Муаррифии дастовардҳои шаҳрсозону меъморон  дар Хатлон

      Бинокорони Тоҷикистон иди касбии худро дар ҳоле таҷлил менамоянд, ки ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сохтмончиён дар маркази маъмурии  вилояти Хатлон-шаҳри Қӯрғонтеппа намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ташкил гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок кард.  Дар намоишгоҳ  беш аз 50  ташкилоти лоиҳакашӣ ва ширкату корхонаҳои ватанӣ, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғуланд,  дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон дар доираи намоишгоҳ  озмуни «Беҳтарин  истеҳсолкунандаи хишт-2017» ҷамъбаст гардид.

Рисолати бинокорон-бунёдкорию созандагист  

    Дар садаи XXI, ки асри пешрафту дигаргуниҳои куллист, қобилият,  дониш  ва имконияти зеҳнию касбии меъморон ва бинокорон  барои беҳтар кардани рӯзгор, мушарраф гардидан ба зиндагии шоиста  ва рушди иқтисодиёти миллии давлатамон  нигаронида шудааст. Дар ин росто,  бинокорони  тоҷик барои  боз ҳам ободу зебо  гардонидани мамлакат, таъмини  шароити арзандаи зиндагии мардуми сарзамин ва муваффақ гардидан ба дастовардҳои беназири меъморию шаҳрсозӣ  бо нияти пок, дили гарм, бозуи қавӣ  ва умед ба фардои дурахшони сарзаминамон- Тоҷикистон  содиқона заҳмат мекашанд.

Марзия САИДЗОДА

Август 13, 2017 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд