Бонки милли Тоҷикистон: пулҳои коғазии намунаи соли 2017 ба муомилот бароварда мешаванд

Август 28, 2017 09:17

ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 августи соли равон пулҳои коғазии намунаи соли 2017 ба муомилот бароварда мешаванд. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре манбаъ хабар медиҳад,   бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳифозати пули миллӣ аз тақаллубкорӣ, беҳтар кардани ороиши пули коғазии арзиши номиналии 100 сомонӣ, инчунин такмили унсурҳои тавассути мошинҳо хондашавандаи сатҳи дуюм ва ҷорӣ кардани унсури ҳимоявии сатҳи сеюм дар пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ  пулҳои коғазии намунаи соли 2017 ба муомилот бароварда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонии намунаи соли 2017 дар қатори пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонии намунаи соли 1999, ки айни замон дар муомилот мебошанд, баробар гардиш менамоянд.

Август 28, 2017 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд