Дар Душанбе татбиқи Барномаи нави кишварии UNICEF баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 августи соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари тозатаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестиниро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNICEF, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, ба татбиқи Барномаи нави кишварии UNICEF барои солҳои 2016-2020 дар кишвар ва дурнамои ҳамкории минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Зимни мулоқот Роҳбари нави Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






