ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК – ДАР МЕҲМОНИИ СҲШ ДАР ПЕКИН. Тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай боздид ба амал оварданд

Август 31, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 31.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 30 август дар доираи «Рӯзҳои дарҳои кушод» дар қароргоҳи  Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Пекин вохӯрии Котиби генералии СҲШ бо тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар доираи ин боздид хонандагон аз дидани  Осорхонаи дарахтони сангшуда дар ҳавои кушод дар Урумчи, Осорхонаи  ҳайкалҳои сафолии ҷанговарон ва аспон дар назди мадфани император Синшихуана дар Сиан, Девори бузурги Чин, майдони Тянанмен ва шаҳри мамнуъ дар Пекин таассуроти зиёд бардоштанд.

«Чин — ҳамсояи бузурги мост, мо хурсандем, ки ба орзуи худ расидем ва ба Чин омадем. Аз ҳама муҳим, дар ин сафар мо дӯстони нав пайдо кардем ва дар оянда бо онҳо муоширатро давом хоҳем дод», — ибрози ақида намуд Мадина Султонова аз номи ҳамаи тарбиятгирандагон.

«Ба боздиди шумо аз қароргоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мо чун ба таваҷҷуҳи ҳамаҷониба ба ояндаи шумо баҳо медиҳем, зеро шумо намояндаи воқеии «Насли СҲШ» мебошед. Маҳз  Шумо метавонед идеяи «рӯҳияи Шанхай» ва арзишҳои онро дар давоми ҳаёт амалӣ намоед»,- гуфт Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов дар вохӯрӣ бо хонандагони тоҷик.

Рашид Олимов ба саволҳои хонандагон ҷавоб дода,  ба онҳо расидан ба ҳадафҳоро таманно намуд.

Хонандаи синфи 9-уми Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвони Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Раҳимов зикр намуд, ки тамошои Чин ва боздид аз қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай дар хотираи ӯ абадан нақш мебанданд.

Директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб Роҳилаи Нурмаҳмадзода аз номи хонандагон таъккид намуд, ки «насли СҲШ  ба боварӣ сазовор хоҳал гардид».

Зимни боздид хонандагони тоҷик аз бинои маъмурии СШҲ, толори Оинномаи Созмони Ҳамкории Шанхай, толорҳои пойтахтҳои давлатҳои аъзои СҲШ, маҷмааи намоишиву фарҳангии «Рӯҳи Шанхай», «Санги СҲШ », «Дарахти СҲШ» дидан намуда, дар гулбоғи СҲШ сайру гашт карданд.

20 нафар писарону духтарон аз хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Баъзеи онҳо падар ё модар надоранд ва бархеи дигарашон ятими кулл мебошанд.

Сафари хонандагон бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати намояндагиҳои дипломатии Чин ва Тоҷикистон амалӣ гардид.

Сафари тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин то 4 сентябр идома меёбад.

318570

Август 31, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд