Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар маҷаллаи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб муаррифӣ мегарданд

Август 26, 2017 13:04

ДУШАНБЕ, 26.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии  Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи мамлакат аз ҷониби Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ  тадбирҳо андешида мешаванд.

Аз ҷумла, ҷиҳати муаррифии соҳаи сайёҳӣ ба мамлакатҳои ҷаҳони араб  вохўрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуъмон Абдуғаффорзода  бо муҳаррири маҷаллаи «Молия ва Тиҷорат»-и Амороти Муттаҳидаи Араб   Файсал Абу Мезайд ва гуруҳи эҷодии ин маҷалла баргузор гашт.

Зимни вохурӣ оид ба ислоҳоти бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалигашта дар самти рушди сайёҳӣ маълумот дода шуда, имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар саҳифаҳои маҷаллаи мазкур ва дигар васоити ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Араб мунтазам муаррифӣ карда мешаванд.

Чорабиниҳои мазкур барои шиносоӣ аз имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва ҷалби васеи сайёҳони Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои арабӣ мусоидат хоҳад намуд.

 

Август 26, 2017 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад