Имрӯз-Рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустон. Тоҷикистону Ҳиндустонро робитаҳои неки таърихию фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд

Август 15, 2017 17:44

ДУШАНБЕ, 15.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мардуми Ҳиндустон ҷашни миллӣ-Рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустонро  (Independence Day in India) таҷлил менамоянд. 70 сол муқаддам, 15 августи соли 1947  мардуми Ҳиндустон баъди муборизаҳои озодихоҳона аз зери мустамликаи Британияи Кабир озод гардида, Истиқлолият ба даст оварданд.  Маҳз 15 августи соли 1947 Санади Истиқлолияти Ҳиндустон ҳукми қонунӣ  пайдо карда,  дар девори Қалъаи сурх дар Деҳлӣ нахустин Сарвазири Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Неру дар ҳузури анбӯҳи мардум парчами Ҳиндустонро баланд барафрохт. Истиқлолият  барои Ҳиндустон роҳи озодию демократияро боз карда, ҷиҳати  рушди минбаъдаи  ин кишвари осиёӣ, ки алҳол 1,3 миллиард нуфус дорад,  заминаи  боэътимод фароҳам овард.

Муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон  беш аз пеш густариш меёбанд

        Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, соли 1993 Ҳиндустон аввалин шуда, сафирашро дар Тоҷикистон таъйин намуд. Соли 1994  Сафорати Ҳиндустон  дар пойтахти Тоҷикистон ва баъд аз нӯҳ сол, аниқтараш соли 2003  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлӣ ифтитоҳ  гардиданд. То ба имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон шаш маротиба — солҳои 1993, 1995, 2001 сафари расмӣ ва солҳои 2006, 2012 ва 2016  сафари давлатӣ анҷом додаанд. Зимни ин сафарҳо чандин  созишномаю санадҳои байнидавлатӣ  дар бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла,  иқтисод, тиҷорат, тандурустӣ, кишоварзӣ, варзиш, сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва илму технология ба имзо расидаанд, ки барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар  манфиатбахш мебошанд. Дар айни замон муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустонро беш аз 60  санади ҳамкории  байниҳукумативу байниидоравӣ ба танзим медароранд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ Оғози сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба Тоҷикистон

Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҳиндустон  дар таърихи муносибатҳои  ду кишвари дӯст мақоми шоиста касб намуд

          17 декабри соли 2016 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон  ҷараён гирифт. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон идомаи муколамаи доимии байнидавлатии роҳбарияти ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни сафари давлатӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони баландпояи Ҳиндустон дидору мулоқот намуда, роҳҳои густариши ҳамкории  гуногунсоҳаи мутақобилан судманди  Тоҷикистону Ҳиндустонро  баррасӣ карданд. Бояд тазаккур дод, ки мулоқот бо роҳбарони баландпояи Ҳиндустон  ва вохӯрии ҳайатҳои ҳар ду ҷониб, ки дар фазои анъанавии дӯстона, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, ба таҳкими минбаъдаи равобити мутақобилан судманди Душанбе ва Деҳлӣ такони ҷиддӣ бахшид. Мавзӯи умдатарини мулоқоту музокирот зимни сафари давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон дар соли 2016- ин таъйини роҳҳо ва воситаҳои густаришу таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба, иҷрои созишномаҳо ва аҳду паймони қаблан ҳосилгашта буд. Зимни  сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон  якчанд санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ ба имзо расиданд, ки ин қадами муҳимест дар татбиқи имконоти васеи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, зеро Тоҷикистон хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкорӣ бо Ҳиндустон дар соҳаи тиҷорат ва ҷалби сармоя  ба иқтисоди кишвар мебошад.  Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҳиндустон  дар таърихи муносибатҳои  ду кишвари дӯст мақоми шоиста касб намуд. Боздиди ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  аз Ҳиндустон дар моҳи декабри соли гузашта, барои таъмини дурнамои неки ҳамкории  Тоҷикистону Ҳиндустон ва  таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо дар арсаҳои мавриди манфиати тарафайн аз ҳар ҷиҳат бамавриду судманд буд.

Хиндустон

Ҳузури чашмраси иқтисоди Ҳиндустон дар Тоҷикистон

               Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ, фарҳангу маориф ва туризм, инчунин ҳарбӣ-техникӣ беш аз пеш тақвият дода, онҳоро аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори муштаракоти байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон арзёбӣ менамоянд. Ду кишвар имкон доранд дар соҳаҳои мазкур тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ, сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, роҳҳо ва иншооти зерсохтории Тоҷикистон ҳамкориро густариш диҳанд. Дар ин замина ҷалби сармояи Ҳиндустон ба лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, фармасевтика, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ ва туризм ба манфиат аст. Байни ду кишвар  Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ таъсис дода шудааст, ки  дар густариши равобити дуҷонибаи байнидавлатӣ нақши бориз мегузорад. Ин дар ҳолест, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон беш аз пеш густариш ёфта, ҳузури иқтисодии Ҳиндустон дар Тоҷикистон чашмрас арзёбӣ мегардад.

Таҷдиди «Варзоб-1», бунёди «Sheraton» — самараи ҳузури  Ҳиндустон дар иқтисоди Тоҷикистон

      Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон саҳми чашмрас дорад. Дар соли 2016 мубодилаи мол байни ду кишвар 23,8 миллион долларро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар се моҳи аавали соли равон ба  4,2 миллион доллар  баробар гардид. Ҳиндустон ба Тоҷикистон асосан  маҳсулоти гӯштӣ, равғани маска,  чой  ва қаҳва, биринҷ,  равғани ҳайвонот, шакар ва маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти хӯрокӣ, маҳсулоти кимиёвӣ,  маҳсулоти фармасевтӣ, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ, мошинҳо ва таҷҳизоти барқӣ, таҷҳизоти оптикӣ, каучук, резина ва маҳсулот аз он, реакторҳо воридот менамояд. Аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон мавод барои саноати доруворӣ  ва дигар маҳсулот содирот мегарданд. Ҳар ду кишвар барои тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратӣ саъю талош менамоянд. Баргузории намоишгоҳҳои молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Ҳиндустон дар шаҳрҳои Тоҷикистон, вохӯрии доираҳои расмӣ ва соҳибкорони  ҳар ду давлат, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҷалби сармояи Ҳиндустон ба иқтисоди Тоҷикистон  яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад. Саҳми Ҳиндустон дар таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1», фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ғарби Тоҷикистон, бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton» дар Душанбе ва боз чандин иншооти муҳим назаррас аст. Шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон, ки номи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад, моҳи октябри соли 2014 ба фаъолият шурӯъ намуда, он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинавию муолиҷавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар доираи тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон  дар кишвари мо корхонаю ширкатҳои муштарак  фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ мондаанд.                                              

Тоҷикистону Ҳиндустонро робитаҳои неки таърихию фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд

DSC_0432То ҷое мусаллам аст, мардумони тоҷику ҳиндро аз қадимулайём робитаҳои нек ва  муштаракоти анъанавии  таърихию фарҳангӣ бо ҳам мепайванд. Даҳҳо нобиғаҳо, олимону файласуфҳо,  шоирон ва мутафаккирони барҷастаи  тоҷикзабон дар сарзамини Ҳинд ба камол расидаю кору эҷод кардаанд, ки мероси адабии пурғановати онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷойгоҳи арзишманд бархӯрдор буда, оромгоҳашон имрӯзҳо зиёратгоҳи кулли форсизабонони ҷаҳон гардидааст. Мирзоабдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ,  Зебуниссо   ва боз даҳҳо нобиғаю мутафаккирони барҷастаи илму фарҳанги тоҷик дар сарзамини шоирпарвари Ҳинд кору зиндагӣ кардаанд.  Дар шароити кунунӣ ҳамкории  илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон беш аз пеш густариш ёфтааст. Дар Тоҷикистон Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон фаъолият менамояд, ки дар таҳкими равобити фарҳангии ду кишвар саҳми босазо мегузорад. Инчунин дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи забони ҳиндӣ амал мекунад, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисон-донандагони забони ҳиндӣ собиқаи калон дорад. Иштироки мутахассисону донишмандони тоҷику ҳинд дар конфронсу ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ доир мегарданд, баёнгари  робитаҳои неки илмию фарҳангии ду сарзамин аст. Инчунин баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон дар кишварҳои ҳамдигар равзанаест дар шинохт ва муаррифии  санъати нотакрор ва фарҳанги қадимии ҳарду давлат. Санъати рақсу мусиқӣ ва синамои ҳиндӣ дар байни мардуми тоҷик аз маҳбубияти хоса бархурдор аст. Дар ин росто,  дар назди Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Маркази фарҳангӣ фаъолият менамояд, ки дар он ба дӯстдорони санъати рақсу мусиқӣ, забони ҳиндӣ ва йога аз ҷониби мутахассиони ҳиндӣ омӯзиш дода мешавад.  Ҳамзамон барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон курсҳои мухталиф дар доираи барномаи омӯзишии ҳамкории иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар он кишвар гузаронида мешаванд.

Инчунин дар Тоҷикистон тарабхонаҳои ҳиндӣ, назири «Деҳлӣ дарбар» ва боз чандин марказҳои илмию фарҳангӣ ва тиббӣ фаъолияти густурда доранд, ки аз тақвияти робитаҳои ҳасанаи илмию фарҳангии ду кишвари осиёӣ –Тоҷикистон ва Ҳиндустон шаҳодат медиҳанд.

Қомат афрохтани нимпайкараи Маҳатма Гандӣ таҷассумгари фалсафаи инсондӯстона ва андешаҳои озодихоҳонаи Гандӣ аст    

    Махатма ГандиБояд зикр кард, ки  дар масофаи начандон дуртар аз Сафорати Ҳиндустон, дар кӯчаи «Бухоро»-и Душанбе, нимпайкараи яке аз ходимони барҷастаи сиёсии Ҳиндустон, доҳии мардуми Ҳинд Моҳандис  Карамчанд  Гандӣ, ки бо номи  Маҳатма Гандӣ (1869-1948) маъруф аст,  гузошта шудааст.  Парда аз рӯи нимпайкараи Маҳатма Гандӣ  соли 2003 зимни сафари собиқ Сарвазири Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  бардошта шуд, ки таҷассумгари дӯстиву бародарӣ, рафоқат ва ҳамдилии мардумони тоҷику ҳинд ва тарғибгари ақидаҳои инсондӯстона ва  озодихоҳонаи Маҳатма Гандӣ  аст.  Фалсафаи Маҳатма Гандӣ бидуни  табъиз буда, он  таъсири худро ба сулҳхоҳон ва ҷонибдорони  ҳаракатҳои миллию  озодихоҳонаи  халқҳои  ҷаҳон  расонидааст.  Маҳатма Гандӣ беш аз 30 сол фалсафаи худро пеш бурда,  дар интиҳо ба ҷаҳониён  самараи онро, ки ҷаҳонро бе хушунат дидан аст, исбот кард. Маҳз бо шарофати ақидаҳои озодихоҳона ва фалсафаи бидуни хушунати ходими барҷастаи сиёсии Ҳинд  Маҳатма Гандӣ   соли  1947 Ҳиндустон аз зери мустамликаи Британияи   Кабир раҳо гардида, Истиқлолият ба даст овард.  Бо назардошти фалсафаи  озодихоҳона  ва бидуни хушунати  Маҳатма  Гандӣ соли 2007 Созмони Миллали Муттаҳид  2 октябр- зодрӯзи Маҳатма Гандиро  Рӯзи байналмилалии бидуни хушунат  эълон кард.

Пайвандгари тамаддуни халқҳои тоҷику ҳинд

  маросими ифтитоҳи муҷассамаи Робиндранат Тагор 13.07.2015Баъд аз 12 сол дар доираи сафари давлатии Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди 13 июли соли 2015  дар гулгашти кӯчаи «Бухоро»-и Душанбе парда аз рӯи нимпайкараи яке аз шахсиятҳои бузурги Ҳиндустон, шоир ва нависандаи машҳури Ҳинд  Робиндронат Такур (1861-1941) бардошта шуд, ки дар маросими пардабардорӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ҳузур доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи нимпайкараи шоир ва нависандаи бузурги Ҳинд Робиндранат Такурро дар шаҳри Душанбе ҳамчун пайвандгари тамаддуни халқҳои тоҷику ҳинд арзёбӣ кард. Дар маросими пардабардорӣ аз рӯи  нимпайкараи Робиндранат Такур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди доир ба равобити илмию фарҳангии  Тоҷикистону Ҳиндустон сухан карда, нақши Робиндранат Такурро дар рушди адабиёт ва тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Нимпайкараи Робиндранат Такур бо маблағгузории ҷониби Тоҷикистон ва Ҳиндустон бунёд гардида, меъмори он Зуҳуриддин Сироҷиддин -яке аз меъморони шинохтаи Тоҷикистон аст. Атрофи нимпайкараи Робиндранат  Такур ба як гулбоғи  сабзу хуррам табдил гардида, макони истироҳату фароғати шаҳриён аст. Барҷо гузоштани нимпайкараҳои шахсияҳои барҷастаи  сиёсию адабии Ҳинд дар Душанбе баёнгари тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди Душанбе ва Деҳлӣ аст, ки соли равон аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ  миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 25 сол сипарӣ мегардад.

Марзия САИДЗОДА

Август 15, 2017 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон иқтидори энергетикии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Лахш муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуд
Дастовардҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар СОР-29 баррасӣ шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон: TikTok ва YouTube – бар ивази «Раҳмат»
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Туркия аввалин бозии санҷишӣ доир намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан Озмуни шаҳрии «Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва хонаи истиқоматӣ» натиҷагирӣ гардид
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2024» интихоб гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, чоршанбе, 15-умин рӯзи соли 2025 аст