Масоили таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори соҳа дирӯз дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои дигари рушди соҳаи сайёҳӣ ва пешбурди имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, афзоиши хатсайрҳои ҳавопаймоӣ, осонтар намудани дастрасии сайёҳон ба ҷумҳурӣ ва баргузор намудани чорабиниҳо матраҳ гардиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки Лоиҳаи кумаки машваратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ширкатҳои ватании сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, ташкили сомонаи интернетӣ, гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ ва ташкили бренд, ба роҳ мондани стандартҳои байналмилалии муҳосибот ва дигар самтҳо кумак менамояд.
Вобаста ба масъалаҳои мазкур бо иштироки ширкатҳои сайёҳӣ суҳбату муаррифии имкониятҳои Лоиҳаи кумаки машваратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ баргузор карда мешавад.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






