Ғолибияти дастаи мунтахаби Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашӣ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ
ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 27 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бузкашӣ баргузор шуд.
Тавре аз Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа 12 даста аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Россия, ИМА, Туркия, Муғулистон, Венгрия, Хитой ва Афғонистон ширкат варзиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дастаи мунтахаби Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, соҳиби ҷойи сеюм ва ҷоиза дар ҳаҷми 2 миллион тангаи қазоқӣ гардид.
Дар даври аввали мусобиқа дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қазоқистон ба дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ва дар даври дуюм бо ҳисоби 4:1 ғолиб баромад.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қазоқистон ба гирифтани ҷои аввал ва шоҳҷоиза – 10 миллион тангаи қазоқӣ мушарраф гардид.
Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Қирғизистон соҳиби ҷойи дуюм ва ҷоиза дар ҳаҷми 5 миллион тангаи қазоқӣ шуд.
«Бузкашӣ» ва ё «кок-бору» — бозии қадимии аспдавонӣ буда, дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ маъмул мебошад. Дар ин бозиҳо савораҳои ду даста барои соҳиб шудан ба тани бузи кушташуда қувваозмоӣ намуда, дар ҳолати соҳиб шудан онро ба дарвозаи ҳариф ҳаво медиҳанд.










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






