«Қонуни танзим барои зиндагии арзандаи мардум» — шарҳи матбуот

Август 17, 2017 14:11

ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи навбатии нашрияи   расмии «Ҷумҳурият» (14.08.2017,№170) Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дарҷ гардидааст. Бояд гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат таҳия гардида, барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум равона шудааст. Дар робита ба ин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар назар дошта шудааст.  Барои баррасии лоиҳаҳои пешниҳодшуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум 23 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Дар идомаи мавзӯи мазкур нашрияи «Ҷумҳурият» (15.08.2017,№171) мақолаи Лашкар Шарифро бо сарлавҳаи «Исфара. Қонуни танзим зиндагии мардумро ба низом даровард» чоп кардааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои зиндагии арзандаи мардум заминаи устувор гузошт. Маҳз ин қонуни миллӣ боис шуд, ки шумораи тӯю маъракаҳо зиёд шуда, мардум маблағи зиёдатии худро ба корҳои хайру савоб сарф намоянд».

Нашрия ба ифтихори рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино ва Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 18 август таҷлил мешавад, мақолаи доктори илмҳои филологӣ Саидраҳмон Сулаймоновро бо сарлавҳаи «Аз Арасту то ибни Сино. Дар бораи як асари ношинохтаи Шайхурраис»-ро пешкаши хонандагон кардааст. Тавре муаллиф навиштааст, асари Абуалӣ ибни Сино бо номи «Китоб-ул-ҳайвон» ҳанӯз ба забони тоҷикӣ ва русӣ тарҷума нагардидааст, ҳарчанд ин китоб на танҳо аз нигоҳи илмҳои табиатшиносӣ, балки аз назари эҷоди истилоҳоти илмии соҳаи байторӣ ва илми ҳайвон дар таърихи илм ва фалсафаи тоҷик ва исломӣ беназир мебошад. Зимни эҷоди китоби мазкур муаллиф ба се китоби Арасту- «Таърихи ҳайвон», «Аъзои ҳайвон» ва «Пайдоиши ҳайвон» пайравӣ кардааст.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (16.08.2017,№172) гузоришҳои муфассал аз ҷараёни сафари кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, матни суханронии Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтар дарҷ гардидаанд. Зимни сафари кории Президенти мамлакат якчанд иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар ба истифода дода шуда, ба сохтмони бинои коллеҷи аграрӣ дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш оғози расмӣ бахшида шуд. Сарвари давлат ҳамчунин бо шароити таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, шинос шуда, аз кооперативи тиҷоратии «Сомон» дидан намуданд ва дар маросими ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ иштирок карданд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (12.08.2017,№96) мақолаҳои «Обро ҳар қатрааш як барги сабз аст», «Шаҳнози шаҳрсоз», «Рӯди ман олам дигар шуд», «Бархурди ифротгароии салафӣ бо мактабҳои суннатии динию мазҳабӣ дар Тоҷикистон», «Биёям бишнавам овози торат» ва дигар маводи матбуотиро ба хонандагон пешкаш кардааст. Дар мақолаи «Рӯди ман олам дигар шуд» муаллиф «аз сангҳои хушку тираранг ва алафҳои хушкида»-и рӯди Душанбе изҳори нигаронӣ карда, оид ба роҳҳои ободонии он андешаҳои худро навиштааст. Шумораи имрӯзаи нашрияи парлумонии «Садои мардум» (17.08.2017,№98) оид ба баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров хабари муфассал нашр кардааст. Тавре нашрия хабар додааст, масъалаҳои дар ҷаласаи мазкур баррасишуда, бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон супорида шуданд. Нашрия ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода мусоҳиба анҷом дода, муҳтавои онро пешкаши хонандагон кардааст.  «Садои мардум» ҳамчунин аз зиндагиномаи нахустин вакилони халқ Зиёда Баротова ва Ҳурмат Волидова, ки солҳои 30-юми асри гузашта ҳамчун вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ интихоб шуда буданд, бо сарлавҳаи «Қиссаи 11 кило гандум» мақола чоп кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои Давлати Раҳмониён ва дар саҳифаи наср ҳикояи Раҳматулло Раҳмонро бо номи «Малик-герой» чоп ва барои дӯстдорони шеъру сухан шеърҳои нави Низом Қосим «Гургодам» ва Гулназар Келдӣ «Ғазали Ватан»-ро пешкаш кардааст.  Навиштаҳои «Захми майдонҳо кашад, то дил кушояд мардро», «Нон ва додар», «Адабиёт — рӯҳи тавонои замон», «Охирин дидор», «Ҷаҳон ниёзманди ростист» аз ҷониби хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» Қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ, довар ва дигар кормандони соҳаи варзишро, ки аз тарафи ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, чоп ва аз ҳаёти пурҷӯшу хурӯши ҷавонони саодатманди мамлакат, дастовардҳои варзишгарони тоҷик  ва навигариҳои дунёи варзиш мақолаву гузоришҳо ва хабарҳо нашр кардааст.

 

Август 17, 2017 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд