Раиси Ҷумҳурии Эфиопия эътиборномаи Сафири Тоҷикистонро қабул намуд

Август 11, 2017 09:42

ДУШАНБЕ, 11.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Мулату Тешоме 9 август дар Кохи миллат дар Аддис-Абеба эътиборномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозириро қабул намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар суҳбате, ки пас аз поёни маросими супоридани эътиборнома сурат гирифт, роҳбари давлати Эфиопия изҳори умедворӣ намуд, ки таъйин гардидани нахустин сафири тоҷик дар кишвари ӯ ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия мусоидат кунад.  Бо ишора ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, Раисҷумҳури Эфиопия ба аҳамияти ҳамкории ду давлат дар ин замина дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Дар поёни суҳбат Раисҷумҳури Эфиопия ба мардум ва кишвари Тоҷикистон орзуи сулҳи пойдор ва пешрафту шукуфоии бештар карда, хоҳиш намуд, ки дуруду паёми ӯ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида шавад.

Август 11, 2017 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд