«СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ». Академик Маҳкам Маҳмудзода дар бораи нақши Пешвои миллат дар ташаккули қонунгузорӣ ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 18.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 26–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳкам Маҳмудзода таҳти унвони «Сиёсати ҳуқуқӣ ва давлати демократӣ» ба нашр расид.
Китоб фарогири мақолаву маърўзаҳое мебошад, ки ба мавзӯъҳои мухталифи соҳаи ҳуқуқ, сиёсати ҳуқуқӣ, таҳкими давлати демократӣ, аҳамияту зарурати Конститутсия дар бунёди давлатдории навин ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди низоми қонунгузорӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷомеа, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳамчунин оила чун рукни табиӣ ва асосии давлату ҷомеа бахшида шудаанд.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода иброз намуд, мақолаҳои алоҳидаи китоб мавзўъҳои «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсия», «Президент ва конститутсионализм», «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули қонунгузорӣ», «Нақши қонун дар танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона», «Қонун ва номгузории миллӣ» ва «Нақши қарорҳои Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ»-ро дарбар мегиранд.
Дар мақолаҳои зикршуда саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсия ва ташаккули низоми қонунгузорӣ инъикос гардида, аз ҷумла зикр шудааст: «Зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат ҳанўз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, аз ҷумла дар Муроҷиатнома иброз дошта буданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав — давлати демократии ҳукуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Муаллифи китоб иброз медорад: «Ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон гардид, дертар дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардид».
Дар мақолаи дигар омадааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рўзҳои аввали фаъолияти хеш ба ҳайси Сарвари давлат бо садоқату самимият ба халқу Ватани худ содиқонаю одилона хизмат намуда, арзишҳои миллии моро ҳамеша ҳифз намуда ва онҳоро муқаддас мешуморанд, бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони мутамаддин ва раванди ҷаҳонишавӣ доимо дар масъалаҳои таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва ба ин васила, арҷ гузоштан ба афзалиятҳову дастовардҳои даврони истиқлолият, эмин нигоҳ доштани расму оинҳои миллии ниёгонамон ва пос доштани хотираи бузургони халқи тоҷик ибрози андеша намуда, ҳамагонро ба муттаҳидиву ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмию бародарӣ баҳри пешрафти Ватани азизамон ҳидояти падарона менамоянд».
Бо мутолиаи ин китоб хонанда метавонад аз паҳлуҳои мухталифи илми ҳуқуқи ватанӣ, таърихи қабул шудани аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши он дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди ҳокимияти қонунгузор ва судӣ дар заминаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши мақомоти назорати конститутсионии кишвар дар таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд огоҳу баҳраманд гардида, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорад.








Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






