Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Панҷ
18.08.2017, ноҳияи Панҷ
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба кулли сокинони сарбаланду меҳмондӯсти ноҳияи Панҷ барои заҳмати содиқона ба хотири ободии Ватан ва пазироии самимии Роҳбари давлат арзи сипос менамоям ва ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи нек ва дар ҷодаи вусъати амалҳои созандаатон ба хотири пешрафту тараққиёти кишвари маҳбубамон барору комёбиҳо орзумандам.
Муқимӣ будан дар соҳили рӯду мавзеъҳои дорои обҳои фаровон ба халқи куҳанбунёди мо, хусусан сокинони заҳматпешаи ноҳияи Панҷ имконият додааст, ки тавассути шуғлҳои асосии зиндагисоз, ба монанди зироаткориву чорводорӣ, бунёди боғу токзор ва касбу ҳунарҳои мардумӣ дар ободонии макони зист ва рӯзгори хеш ба пешравиҳо ноил гардида, бо кору фаъолияти софдилона диёри худро обод гардонанд, арзишҳои миллиамонро гиромӣ доранд ва дар рушди давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузоранд.
Насли калонсоли ноҳияи Панҷ хуб дар хотир дорад, ки дар гузаштаи начандон дур қаламрави ноҳия як мавзеъи нообод ва қамишзору туғайзор буда, дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии падару бобоёни мо ба як гӯшаи ободу зебои мамлакат табдил дода шуд.
Ҳанӯз солҳои 20-30-юми асри гузашта қаламрави ноҳия мавриди таҳқиқу омӯзиши олимону мутахассисон қарор гирифта, аввалин маротиба дар мавзеъи Саройкамар кишти пахтаи навъи пурқимати мисрӣ ё маҳиннах аз таҷриба гузаронида шуд ва минбаъд ба парвариши он мувофиқ будани заминҳои ноҳия илман исбот гардид.
Дар он солҳо тадбири мазкур дар мавриди бо чунин ашёи пурқимат, яъне пахтаи навъи маҳиннах таъмин намудани саноати бофандагӣ нақши назаррас бозид.
Ноҳияи Панҷ дар даврони соҳибистиқлолии ватанамон бо мусоидату ғамхории Ҳукумати мамлакат, заҳмати софдилонаи сокинони он ва саҳми соҳибкорони саховатманд хеле тараққӣ карда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин давра, барои таъмин намудани пешрафти ноҳия аз буҷети давлат зиёда аз 540 миллион сомонӣ масраф гардида, илова бар ин, дар доираи 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ беш аз 290 миллион сомонӣ ҷалб карда шудааст.
Айни замон тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ба маблағи умумии 45 миллион сомонӣ азнавсозии варзишгоҳи марказӣ барои қариб шаш ҳазор ҷойи нишаст, дидбонгоҳи сарҳадии “Файзободқалъа”-и отряди сарҳадии Панҷ, бунёди беморхонаи касалиҳои сил, таъмиру таҷдид ва чароғонкунии роҳҳои дохилии ноҳия амалӣ шуда истодааст.
Аз иншооти зикршуда имрӯз варзишгоҳи ноҳия барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун ҳамчун тӯҳфаи идонаи Ҳукумат ифтитоҳ гардид.
Ҳамзамон бо ин, ҳоло татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2014-2018, ки 150 лоиҳаро ба маблағи умумии 224 миллион сомонӣ дар бар мегирад, идома дорад.
Дар се соли оянда барои рушди соҳаҳои асосии ноҳия аз ҳисоби буҷети давлат боз зиёда аз 195 миллион сомонӣ равона карда мешавад, ки бешубҳа, боиси боз ҳам ободу пешрафта гардидани ноҳия, беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони он ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ хоҳад гардид.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳия афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар 10 соли охир қариб ду баробар таъмин гардида, соли 2016 ҳаҷми маблағи умумии 460 миллион сомониро ташкил кардааст.
Бо вуҷуди ин, захираву имкониятҳои ноҳия барои боз ҳам афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ ҳанӯз пурраву самаранок истифода нашудаанд.
Масалан, соли гузашта дар ноҳия ҳамагӣ 18 ҳазор гектар замин кишт шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 1000 гектар кам мебошад.
Соли равон дар масоҳати 18 ҳазору 700 гектар кишти зироат гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда гарчанде назар ба соли гузашта зиёд аст, вале нишонаи истифодаи пурраи имкониятҳои ноҳия нест.
Соли 2016 дар ноҳия бояд дар майдони 5900 гектар пахта кишт мешуд, вале ҳамагӣ дар майдони 5400 гектар кишт анҷом дода шудааст, ки нисбат ба нақша 500 гектар кам аст.
Агар соли 1991 дар майдони умумии заминҳои корами обии ноҳия қариб 15 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, ҳоло он ба 11 ҳазору 200 гектар баробар шудааст.
Яъне дар 26 соли соҳибистиқлолӣ замини корами обии ноҳия ба ҷойи афзоиш ёфтан 3800 гектар кам гардидааст.
Тайи ду соли охир 266 гектар замини аз истифода берунмондаи ноҳия ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ҳолати мелиоративии қариб 500 гектар замин беҳтар карда шудааст.
Аммо бо сабаби бемасъулиятӣ ва саҳлангории хоҷагидорон масоҳати чунин заминҳо ба ҷойи кам шудан, баръакс, сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.
Инчунин, дар 20 соли охир зиёда аз 60 гектар заминҳои обии наздисоҳилӣ зери маҷрои дарё мондааст.
Илова бар ин, дар ноҳия дар доираи татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳаҳои ”Таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ барои солҳои 2013-2020” ва “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим барои солҳои 2014-2019” таъмиру тозакунии заҳбуру заҳкашҳо, иншооти обрасонӣ ва дигар корҳои мелиоративӣ ба маблағи умумии зиёда аз панҷ миллион сомонӣ анҷом дода шудаанд.
Ноҳияи Панҷ дар гузашта бо таҷрибаи заминдориву кишту кор барои бисёр ноҳияҳо намуна буд ва даҳҳову садҳо нафар деҳқонони асилу кордону номдор дошт.
Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, роҳбарону мутахассисони вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки доир ба рафъи камбудиву мушкилоти зикршуда, самаранок истифода бурдани замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, тавассути лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва бо ҷалби соҳибкорон аз худ намудани заминҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили иншооти обрасонӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ андешанд.
Вобаста ба ин, мехоҳам ба кишоварзони ноҳия муроҷиат карда, як масъаларо хотиррасон намоям, ки чунин имкониятҳое, ки дар ноҳияи шумо мавҷуданд, яъне оби фаровон, заминҳои васеъ ва шароити мусоиди иқлим дар бисёр ноҳияҳо вуҷуд надоранд.
Бинобар ин, шумо, ки фарзандони кишоварзони номдори ноҳия мебошед, ба шукронаи чунин имконияту неъматҳои табиат бояд кӯшиш кунед, ки аз ҳар як ваҷаб замин ҳосили дилхоҳ рӯёнида, ҳам бозори истеъмолиро таъмин кунеду ҳам зиндагии худро беҳтар созед.
Худатон хуб медонед, ки аз заминҳои ноҳия соле се ҳосил гирифтан мумкин аст.
Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки фаъолияти Муассисаи давлатии хоҷагии зотпарварии «Панҷ», ки дар минтақа хоҷагии асосии зиёд намудани саршумори чорвои хушзот ба шумор меравад, чандон қаноатбахш ва самаранок нест ва беҳбудии ҷиддӣ металабад.
Зеро афзоиш додани саршумори чорвои хушзот дар хоҷагиҳои чорводорӣ ва аҳолӣ аз фаъолияти роҳбарону мутахассисони ин муассиса вобастагии калон дорад.
Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Панҷ ва Вазорати кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати ривоҷ додани соҳаи зотпарвариву парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ ва ба ин бахш ҷалб намудани мутахассисони соҳибтаҷриба тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаи рушди соҳаи саноат, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла доир ба коркарди ашёи хом ҳамчун манбаи асосии бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони ноҳия ва афзоиши даромади буҷети маҳаллӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Дар ин самт, роҳбарони ноҳия бояд доир ба дастгирии соҳибкорон, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ чораҷуӣ намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Соҳаи маорифи ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла ноҳияи Панҷ таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия ба маблағи зиёда аз 21 миллион сомонӣ 19 бинои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 9000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудаанд.
Соли равон сохтмони бинои шуъбаи маориф ва азнавсозии муассисаи таҳсилоти умумӣ дар деҳаи Пахтакор оғоз гардида, дар доираи барномаи рушди маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар назар аст, ки 5 соли оянда дар ноҳия 26 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 9000 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 46 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шавад.
Амалӣ гардидани барномаи зикршуда, албатта, барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам меорад.
Инчунин, дар ноҳия гурӯҳҳои мақсадноки Коллеҷи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа зиёда аз 200 нафар донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифтаанд, ки 95 фоизи онҳоро духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Мардуми шарифи кишварамон бо шукронаи фазои орому осудаи ватанамон амалҳои созандаро мунтазам вусъат бахшида, барои таъмини зиндагии шоиста азму талош мекунанд.
Аммо дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки аз тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан, фаъолону масъулон таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунанд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Панҷ дар самти риояи талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» беш аз 70 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда, вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 201 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронӣ мебошад.
Рақамҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки падару модарон ва фаъолони ҷомеа, инчунин, омӯзгорони муҳтарами мо ба таълиму тарбияи фарзандон ва ба танзим даровардани расму ойинҳое, ки ба ғайр аз исрофкориву зарари буҷети оила чизи дигаре нест, ҳанӯз ҳам эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.
Аз ин рӯ, аз роҳбарону фаъолони ҷомеа тақозо мегардад, ки ба аҳолӣ мазмуну моҳияти Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро дуруст фаҳмонанд ва ба ин васила аз мафкураи мардум иҷрои баъзе расму суннатҳои нодаркору ба таври сунъӣ таҳмилшударо дур созанд.
Роҳбарони ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони бахши танзими расму ойинҳо ва аъзои комиссияҳои доимиву ҷамъиятӣ низ вазифадоранд, ки ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар самтҳои зикршуда тадбирҳои муассир андешанд.
Шумо, мардуми ноҳияи Панҷ қадри сулҳу оромӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатиро бештар аз дигарон дарк мекунед. Мову шумо ҳақ надорем, ки даҳшати ҷангу беқонунӣ ва оқибатҳои харобиовари онро фаромӯш кунем.
Бовар дорам, ки азобу машаққати ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бо ҷойи зист, хӯрока ва дигар шароити зиндагӣ таъмин намудани онҳо аз ёди насли калонсол нарафтааст.
Дигар ин, ки ноҳияи шумо мавзеъи наздисарҳадӣ мебошад ва ҳар яки шумо аз нооромии вазъи сарҳад хуб огоҳед.
Бинобар ин, бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, ба қадри сулҳу суботи комили ватанамон расед, онро эҳтиёт кунед ва ба наврасону ҷавонон, яъне фарзандони худ ин масъалаҳоро доим талқин намоед.
Дар фарҷоми сухан бо итминон иброз медорам, ки сокинони ватандӯсту заҳматпешаи ноҳияи Панҷ дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудаанд, вале дар баробари ин, дар ноҳия масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд ва ман дар ҷараёни сафар барои ҳалли онҳо аллакай ба мақомоти масъул дастуру супоришҳои зарурӣ додам.
Таъкид менамоям, ки дар баробари ҳар як сокини ноҳия ва роҳбарону мутахассисон, инчунин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои соҳибкориву хоҷагиҳои деҳқонӣ низ вазифадоранд, ки барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дастҷамъона ва бо дилу нияти пок азму талош варзанд.
Танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ ва заҳмати якҷояву аҳлонаи сокинон мо метавонем ба ҳадафҳои некамон ноил гардида, ноҳияи Панҷро ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишвар табдил диҳем.
Дар охир тамоми мардуми ноҳияро ба ифтихори ҷашни фархундаи 26-солагии истиқлолияти давлатӣ, ки баъди чанд рӯз таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Доим саломату саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!