«ТОҶИКИСТОН – САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ!». АМИТ «Ховар» ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави ҳамкориро ба роҳ андохтанд
ДУШАНБЕ, 12.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи муштраки ҳамкориро ба роҳ андохтанд.
Тибқи шартномаи ҳамкории ба имзорасида, дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» (www.khovar.tj) ва Радиои «Ховар FM» рубрикаи нав тахти унвони «Тоҷикистон –сарзамини сайёҳӣ» боз карда шуд. Ин тадбир бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва фароҳам овардани шароит баҳри рушди соҳа амалӣ мегардад.
Тибқи лоиҳаи мазкур минбаъд АМИТ «Ховар» дар ҳамбастагӣ бо масъулони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳаи сайёҳӣ, нуқтаҳо ва хатсайрҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ, ки барои сайёҳони хориҷӣ ҷолибанд, мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон, аз қабили қуллаҳои осмонбӯси Помир, дараҳои зебоманзар, ба мисли Варзобу Ромит, Балҷувон, қалъаи Ҳисор, кӯлҳову дарёҳои Тоҷикистон, аз ҷумла «Сарез»-у «Ҳафткӯл», «Искандаркӯл», пиряхҳову чашмаҳои мусаффои Тоҷикистон, истироҳатгоҳҳо ва обҳои шифобахш, меҳмонхонаҳои Тоҷикистон, мавзеъҳои беҳтарини шикор, таассуроти сайёҳони хориҷӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ ва амсоли онҳо мавод таҳия намуда, тавассути рубрикаи махсус дар сомонаи агентӣ ва тавассути радио онро тарғибу ташвиқ менамояд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






