Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
ДУШАНБЕ, 02.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиш-фурӯши либоси мактабӣ ва дигар ашёи хониш доир гардид.
Дар оғози ярмарка-фурӯши либосу лавозимоти мактабӣ бо супориши раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ба 30 нафар хонандагони мактабҳои ҳудуди ноҳия, ки ятим ва аз оилахои ниёзманд мебошанд, маҷмӯи либосҳои мактабӣ ройгон тақдим карда шуд.
Ярмарка-фурӯши либоси мактабӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф ташкил карда шуда, дар он корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия маҳсулоти истеҳсолии худро пешниҳоди хонандагону волидайни онҳо намуданд.
Ба иттилои Малоҳат Бобоева, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди ноҳия 130 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 66 ҳазору 314 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Имсол барои омода намудани либоси тавсиявӣ ба хонандагон 15 адад коргоҳҳои дӯзандагӣ ҷалб ва айни замон қисми бештари либосҳо омода шудаанд.
Малоҳат Бобоева афзуд, ки либоси ягонаи мактабӣ аз нигоҳи иқтисодӣ, талаботи педагогика ва унсурҳои таҳсилу таълиму тарбия афзалият дорад ва байни хонандагони қишрҳои ҷомеа баробарӣ риоя мегардад.