Зафар Самад: «Агентӣ фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятиро ошкор ва қатъ гардонид»
ДУШАНБЕ, 2.07.2017 /АМИТ «Ховар»/ Дар шаш моҳи аввали соли равон дар дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои вилоятии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи сӯзонидан дар маҷмӯъ 1 тоннаю 691 кг маводи нашъаовар нобуд карда шуд, ки назар ба соли гузашта 1 тонна зиёд мебошад. Ин нуктаро Зафар Самад, муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон баён кард.
Дар нишаст инчунин зикр карда шуд, ки тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи шашмоҳаи аввали соли равон бо ташхиси «нашъамандӣ» 7102 нафар бемор ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 1,3 фоиз ё 83 нафар коҳиш ёфтааст.
Зикр карда шуд, ки бо мақсади пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо паҳнкунандагони маводи нашъадор дар байни аҳолии ҷумҳурӣ тадбриҳо пурзӯр карда шуда, танҳо дар шашмоҳаи аввал дар шаҳри Душанбе 2 фасодхона ошкор ва фаъолияти онҳо қатъ карда шуд.
«Ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпеша аз ҷониби Агентӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Дар шаш моҳи аввали соли равон кормандони Агентӣ бевосита фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 61 нафар ошкор ва қатъ гардониданд, ки 2-тои онҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша мебошанд»,-хабар дод муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






