Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон се анборхонаи калон месозад

Сентябрь 4, 2017 10:56

ХОРУҒ, 04.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шарқ иншоот» бо дархости Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон  барои ҳифзу нигоҳдории маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ се анборхонаи калон бунёд мекунад.

Сардори бахши вилоятии ин агентӣ Шамсулло Ҳабибуллоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «дар фаслҳои зимистону баҳор бар асари барфу боришот ва дар фасли тобистон ба иллати обхезиҳо роҳҳои мошингард  ба самти ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баста мешаванд. Аз ин рӯ интиқоли маводи ниёзи аввал бо мушкил рӯ ба рӯ мегардад. Бинобар ин Агентии захираҳои моддии давлатии ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки дар ҳар як ноҳия чунин анборхонаҳо бунёд кунад. Дар сурати сар задани ягон офати табиӣ аз ин анборхонаҳо молу маводи зарурӣ ба деҳоти дуру наздик  интиқол меёбанд».

Барои бунёди ин анборхонаҳо 25 нафар ҷавонони маҳаллӣ ҷалб шудаанд. Дар назди ин анборхонаҳо нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаи қисмҳои эҳтиётии мошинҳои сабукрав ва боркаш сохта мешавад.

Бо ибтикори Агентии мазкур бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ярмарка- фурӯши маҳсулоти ғизоӣ роҳандозӣ шудааст, ки то 5 сентябр идома меёбад.

Сентябрь 4, 2017 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!