Акрамшо Фелалиев: «Маъракаҳои хурсандӣ ва азодориамон қариб ба «шоу» мубаддал гардида буданд»
ХОРУҒ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоту суҳбатҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо сокинони деҳоти ноҳияи Роштқалъа дар робита ба шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома доранд.
Акрамшо Фелалиев зимни мулоқот бо намояндагони идораву муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва собиқадорони меҳнат иброз дошт, ки «баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва бозгашти муҳоҷирон ба ватан барои барқарору ба маҷрои муайян даровардани соҳаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, таълимию тандурустӣ ва фарҳангии кишвар имконият фароҳам омад. Бо истифода аз имконоти иқтисодию молӣ баъзе афрод бо мақсади худнамоишдиҳӣ маъракаҳои хурсандӣ ва азодориро ба «шоу» табдил доданд, ки баъзан то як ҳафта давом мекарданд. Онҳое, ки чунин имконият надоштанд, ба хотири паст наомадан аз ҳамсоя аз хешу табор ва ё бонк қарз гирифта, чунин маъракаҳои бодабдаба доир мекарданд. Баъди чунин маъракаҳои пурдабдаба маҷбур мешуданд, ки ё ҳиҷрат кунанд ва ё хонаашонро ба фурӯш гузоранд. Бинобар ин Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 ба сокинони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуда, изҳор доштанд, ки «то даме, ки расму оин ва маросимҳои миллию динии худро ба як низом надарорем ва хароҷоти беҳударо аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Сокинони кишвар ин пешниҳоди Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд, зеро дарк карданд, ки ин худнамоишдиҳӣ оқибат онҳоро хонахароб мекунад. Илова бар ин, кишварҳои ҳамсоя, ки дину фарҳанги муштарак дорем, аҳамияти ин қонунро дар танзими ҷашну маросимҳо муҳим шумурданд ва ҳоло аз паи ба тасвиб расондани чунин қонун мебошанд. Таҷрибаи даҳ соли амалисозии бандҳои қонуни мазкур ба он далолат мекунад, ки анъана, расму суннатҳои миллию динии мо заррае зарар надиданд, балки аз баъзе урфу одат ва фарҳангҳои комилан барои миллати мо бегона раҳоӣ ёфта, баръакс ба анъанаҳои неки ниёгони мо торафт наздиктар мегарданд.
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон аз иштирокчиёни мулоқот даъват кард, ки дар татбиқи бандҳои қонуни мазкур саҳм гузоранд ва хешу табор, наздикони худро низ ташвиқ кунанд, то дар баргузории тӯю маъракаҳо ба зиёдаравӣ ва хароҷоти беҳуда роҳ надиҳанд.