Аврупо, АМА, Кувайт, Россия ва Қазоқистон имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таблиғ мекунанд

Сентябрь 26, 2017 16:48

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқу таблиғи он дар кишварҳои Аврупо, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Россия ва Қазоқистон намояндагони ширкатҳои сайёҳии ин давлатҳо ба кишвари мо омадаанд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов иттилоъ дод, меҳмонон тибқи барномаи хатсайр аз 24 то 29 сентябри соли 2017 аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Айнӣ, Варзоб, Дарвоз ва шаҳрҳои Норак, Панҷакент, Ҳисор дидан менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Сайёҳон» дар ҳамкорӣ бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенсӣ» рӯи кор омадааст.

Аврупо, АМА, Кувайт, Россия ва Қазоқистон имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таблиғ мекунанд 0Абдукарим Қурбонов ҳамзамон илова намуд, ки «ширкатҳои  сайёҳии ватанӣ ҳидоятҳои саривақтӣ ва созандаи Пешвои муаззами миллатро чун ҳамеша дастгирӣ намуда, бо дарки масъулияти баланд бобати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб дар риштаи сайёҳии воридотӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар кўшиш ба харҷ медиҳанд».

Мавриди зикр аст, ки дар  натиҷаи татбиқи маҷмўи чораҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан сода кардани тартиби воридшавӣ ба кишвар, аз байн бурдани монеаҳои маъмурии маҳдудкунанда, инчунин анҷом додани корҳои мақсадноки маркетингӣ, хусусан тавсеаи маводи таблиғотӣ оид ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ тибқи маълумоти оморӣ, марҳила ба марҳила нишондоди ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар зиёд гашта истодааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи муштараки  ҳамкорӣ  ба роҳ монданд.

Тибқи шартномаи ҳамкории ба имзорасида,  дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар»  (www.khovar.tj)  ва Радиои «Ховар FM» рубрикаи нав таҳти унвони «Тоҷикистон –сарзамини сайёҳӣ» боз карда шуд. Ин тадбир бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва фароҳам овардани шароит баҳри рушди соҳа амалӣ мегардад.

Тибқи  лоиҳаи мазкур минбаъд АМИТ «Ховар» дар ҳамбастагӣ бо масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳаи сайёҳӣ, нуқтаҳо ва хатсайрҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ, ки барои сайёҳони хориҷӣ ҷолибанд, мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон, аз қабили қуллаҳои осмонбӯси Помир, дараҳои зебоманзар, ба мисли Варзобу Ромит, Балҷувон, қалъаи Ҳисор,  кӯлҳову дарёҳои Тоҷикистон, аз ҷумла «Сарез»-у «Ҳафткӯл», «Искандаркӯл», пиряхҳову чашмаҳои мусаффои Тоҷикистон, истироҳатгоҳҳо ва обҳои шифобахш, меҳмонхонаҳои Тоҷикистон, мавзеъҳои беҳтарини шикор, таассуроти сайёҳони хориҷӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва амсоли онҳо мавод таҳия намуда,  тавассути рубрикаи махсус дар сомонаи агентӣ ва тавассути радио онро тарғибу ташвиқ менамояд.

Сентябрь 26, 2017 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад