«БА НЕКӢ ГИРОЮ БА НЕКӢ БИКӮШ…». 5 сентябр – Рӯзи байналмилалии хайру эҳсон

Сентябрь 5, 2017 14:36

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар сар то сари ҷаҳон 5 сентябр чун Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ ва хайру эҳсон  таҷлил карда мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид  аз 7 марти  соли 2013 ҷашн гирифта мешавад.

Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ ва хайру эҳсон   дасти кумак дароз намудан ба бечорагон ва шахсони пиру барҷомонда мебошад. Зеро Худованд инсонро аслан барои некиву накӯкорӣ офаридааст. Рисолати инсони комил низ, пеш аз ҳама, меҳру шафқат зоҳир намудан нисбат ба ҳамҷинсон, хешону пайвандон, аҳли ҷомеа ва тамоми мавҷудоти олам, ҳайвоноту наботот мебошад. Тавре Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад иброз доштааст: «Дунё низ дар пояи некиву созандагии инсон, муборизаи оштинопазиру пайвастаи ӯ бар зидди қувваҳои баду сиёҳкор, ҷафопешаву харобиовар пойдор, сарсабз, зебову дилкаш барои наслҳои ояндаи башар мерос мемонад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷкистон низ ба ин амали нек диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, солҳои охир, хоса дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати ҳидоятҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон некиву накӯкорӣ, дасти хайру сахо дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, пиронсолони бесаробон, хонаи ятимону мактаб-интернатҳо, маъюбону оилаҳои камбизоат, сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида, ба таҳсил фаро гирифтани писарону духтарони бо амри сарнавишт аз навозишу тарбияи падару модар дурмонда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Чуноне Пешвои миллат дар  паёми табрикотии худ ба муносибати иди Қурбон иброз намуданд: «Мо бояд ба зиёдаравӣ роҳ надода, бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Ҳар касе тавоноӣ ва қудрати молиявӣ дорад, бояд онро барои ба анҷом расонидани корҳои хайру эҳсон сарф намояд ва соҳиби савоб барои худ ва аҳли хонаводааш гардад».

Қобили зикр аст, ки имрӯз бо  ҳидоятҳои наҷибонаи Пешвои миллат  теъдоди соҳибкороне, ки даст ба амалҳои хайр мезананду  ба ятимон  кумак мерасонанд ё ҷоеро обод намуда, аз худ номи нек боқӣ мегузоранд, торафт меафзояд..  Яке аз онҳо —  Ҳоҷӣ Абдулазизро метавон мисол овард, ки бо харидорӣ ва ворид намудани дастгоҳи «Фиброскан»  кори табибонро осон намуда, онро  ройгон дар хизмати мардум гузоштааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷарроҳии бемориҳои шикам Саидилҳом Аҳмадзода иброз дошт, дастгоҳи «Фиброскан» дақиқтарин таҷҳизот маҳсуб ёфта, бо маблағи 126 ҳазор евро аз ҷониби соҳибкор Ҳоҷӣ Абдулазиз харидорӣ шудааст ва аз моҳи апрели соли 2015 ба мардум ройгон хизмат мекунад.

Инчунин номбурда илова намуд, ки баробари ворид намудани дастгоҳи мазкур мутахассисон низ бо маблағи 5 ҳазор евро аз ҷониби ин соҳибкор дар хориҷи кишвар омӯзонида шуданд ва то  имрӯз ба таври ройгон ба мардум хизмат мекунанд.

«Аз моҳи апрели соли 2015 то имрӯз дар ин марказ 11 ҳазору 258 нафар аз ташхис гузаронида шудаанд. Метавон гуфт, ки дастгоҳи мазкур ягона дастгоҳи ташхиси ҷигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, метавонад бемории саратон, бемории фиброз ва ферози  ҷигарро муайян кунад»,-  иброз намуд Саидилҳом Аҳмадзода.

Хушбахтона, корҳои хайру эҳсон ва расонидани кумак ба мӯҳтоҷон  ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Умед аст,  ки он минбаъд низ идома ёфта, миёни мардум кумакрасонӣ, хайрхоҳӣ ва дастгирии ҳамдигар боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Чун накӯкорӣ ва хайру сахо хислати инсонҳои вораста, дарёдил, баинсофу хайрандеш ва боҳиммат аст.  Тавре Абулқосим Фирдавсӣ фармудааст:

Ба некӣ гирою ба некӣ бикӯш,
Ба ҳар неку бад панди доно ниюш.

Сентябрь 5, 2017 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад