БА РОССИЯ, БАРОИ ҶАМЪ ОВАРДАНИ МАБЛАҒИ ХАТНАСУРИ ФАРЗАНД… Дар Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно» доир гардид

Сентябрь 7, 2017 13:45

ДУШАНБЕ, 07.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов баргузор гардид. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, филм ба ифтихори 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ва бо коргардонии Муҳиддини Музаффар дар ҳамкорӣ бо шабакаи СМ-1 шаҳри Хуҷанд таҳия гардидааст.

Филм муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро инъикос менамояд. Қаҳрамони асосии филм писараке бо номи Армон аст, ки падараш баҳри ҷамъ кардани маблағ барои хатнасури ӯ ба Россия рафта, бедарак мешавад. Армон бо вуҷуди хурдсолӣ мардонавор ба мушкилиҳои рӯзгор тоб оварда, худ кӯшиш мекунад, ки барои гузаронидани хатнасураш маблағ ба даст оварад. Нақши Армонро дар филм Муҳаммадшариф Раҳматуллоев хеле ҷолиб иҷро кардааст.

ТангноДар филм Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова, ҳунармандон Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов, Сурайё Ҳакимова низ чеҳраҳои марказӣ офаридаанд. Беш аз 10 нафар кӯдакони аз 4 сола то 13-сола низ дар ин филм нақш бозидаанд.

Баъд аз намоиши филм ҳайати ҷавони киностудияи «Суғдсинамо» шарикони расмӣ ва иттилоотии филмро бо сипоснома қадрдонӣ намуда, гуфтанд, ки «Тангно» дар Соли ҷавонон ва дар остонаи ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи хубест барои дӯстдорони санъати кино.

Ёдрас мекунем, ки филми мазкур 11 сентябр дар шаҳри Хуҷанд, 12 сентябр дар шаҳри Конибодом ва 14 сентябр дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд намоиш дода мешавад.

Сентябрь 7, 2017 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд