Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар: «Ҳамкории Бонки Исломии Рушд бо Тоҷикистон густариш хоҳад ёфт»

Сентябрь 12, 2017 18:43

ДУШАНБЕ, 12.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамкории Бонки Исломии Рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ густариш хоҳад ёфт. Барои пешбурди иқтисоди Тоҷикистон ва роҳандозии лоиҳаҳои  ҷадид ва афзалятнок  Бонк саҳмгузорӣ хоҳад кард», — таъкид намуд дар нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст.

Ба гуфти Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар,  дар мулоқот масаъалаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд баррасӣ гардиданд. Бонки Исломии Рушд нақша дорад, ки гурӯҳи кориро ба Душанбе сафарбар намояд, то ки он дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 самтҳои афзалятнокро муайян созад.

«Яке аз лоиҳаҳои муҳиме, ки Бонки Исломии Рушд дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи Ҳамоҳангсозии арабӣ дар Тоҷикистон мавриди амал қарор додааст, шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб мебошад, ки рӯзҳои наздик қисмате аз он ба истифода дода хоҳад шуд. Барои азнавсозии қисмати дигари он санги асос гузошта мешавад», — таъкид намуд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар.

Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар хабар дод, ки Бонки Исломии Рушд  соли 1975 таъсис дода шудааст. То имрӯз дар ҳаҷми 120 млрд доллари амрикоӣ сармоягузори кардааст. Бонк дар башхҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёти кишварҳои аъзо ва ғайриаъзои мусулмонӣ, дар бахшҳои гидроэнергетика, бунёду навсозии роҳҳо, тандурусӣ, бахши обрасонӣ ва ғайра сармоягузорӣ менамояд.

Сентябрь 12, 2017 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад