Баргузории Форуми соҳибкорон ва шарикони рушди ноҳияи Спитамен
ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамен бо иштироки доираи васеи соҳибкорони ноҳия, консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони ташкилотҳои байналхалқии хориҷӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони муваффақ Форуми соҳибкорон ва шарикони рушди ноҳияи Спитамен баргузор гардид.
Мақсади Форуми соҳибкорон ва шарикони рушд- ин ҷалби бештари сармоягузорӣ барои рушди ноҳия, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти кори соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҷараёни форум лоиҳаҳои мухталиф муаррифӣ гардида, барои татбиқ пешниҳод шуданд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар форум доир ба бунёди коргоҳи истеҳсоли хишт ва истеҳсоли мех дар Ҷамоати деҳоти Куруш, бунёди нуқтаи савдои замонавӣ ва толори тобистонаи намоиши филмҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкат ва бунёди ҳаммоми замонавӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкат миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва соҳибкорон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






