Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон садои суруду мусиқии ҳиндӣ танин андохт

Сентябрь 2, 2017 10:47

ДУШАНБЕ, 02.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бахшида ба 70 — солагии Рӯзи истиқлолияти Ҳиндустон ва 25 – солагии барқарор гардидани муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Консерти мусиқии вокалии классикии ҳиндӣ дар иҷрои ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон хонум Ручира Панда ва ансамбли ӯ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар консерти мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва ҳаводорони санъати волои ҳиндӣ иштирок намуданд.

Ҳиндустон _2Сомнатҳ Гҳош бо ифтихор аз ин ду санаи таърихӣ ёдовар шуда, зикр намуд: «Дар Ҳиндустон ва Тоҷикистон аз анъанаву фарҳанг ва таърихи шабеҳи якдигар бохабаранд ва онро гиромӣ медоранд. Муносибатҳои байни давлатҳои мо ҳазорсолаҳоро дарбар мегиранд. Ин муносибот аз соҳаҳои адабиёт, забон, фарҳанг ва тарзи зиндагонӣ иборат мебошанд, ки ба инсондӯстӣ равона гардидаанд. Аз сабаби шабеҳияти хос доштани муносиботи фарҳангии ҳарду давлат ва бисёр хуб пазируфта шудани фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон мо ин барномаи фарҳангиро баргузор намудем».

«Солҳои охир аз ҷониби Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангии зиёд баргузор мешаванд, ки ин барои боз ҳам равнақ бахшидани муносибатҳои фарҳангии ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Он ҷое, ки ҳунари Ҳиндустон ҳаст, он ҷо рақс аст ва мусиқии зебо аст, ки дар кишвари мо мухлисони зиёд дорад ва ин барномаи фарҳангӣ ба хотири шод гардонидани мухлисони санъати мусиқии ҳинд роҳандозӣ гардид», — зикр кард муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода.

Ёдовар мешавем, ки 28 августи соли ҷорӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад ва  сарони ҳарду давлат хостори боз ҳам рушд додани муносиботи дуҷониба шуданд.

Ҳиндустон 70 Ҳиндустон _4 Ричира Панда _1

Сентябрь 2, 2017 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад