Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон оид ба нақши ҷавонон дар соҳаи илм конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ҚӮРҒОНТЕППА, 30.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Соли ҷавонон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи чумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ва амалӣ дар мавзӯи «Пайравӣ аз Пешвои миллат: нақши ҷавонон дар рушди ҷанбаҳои гуногуни сиёсӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Конференсия ду рӯз идома ёфта, дар кори он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, олимони ҷавон, муҳаққиқон ва дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм иштирок намуданд.
Дар доираи конференсия намоиши дастовардҳои олимони ҷавон муаррифӣ гардида, корҳои амалӣ дар бахшҳои гуногун идома ёфтанд. Зикр шуд, ки муҳаққиқон ва ихтироъкорони ҷавони вилоят дар Соли ҷавонон дар бисёр самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Иштирокчиёни конференсия ҳамзамон аз мавзеъҳои таърихии навоҳии Бохтару Хуросон ва шаҳри Қӯрғонтеппа дидан намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






