«ДАР ТОҶИКИСТОН ЗАРХАРИДОНИ ХОРИҶӢ АМАЛ МЕКАРДАНД…». Суханронии Рамазон Раҳимзода дар Ассамблеяи генералии «Интерпол» дар Пекин

Сентябрь 29, 2017 17:01

 ДУШАНБЕ, 29.09.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода   дар иҷлосияи 86-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол», ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, суханронӣ намуд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар додаст.

Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки чунин ҳамоиши сатҳи баланд заминаи мусоид барои муҳокимаи масъалаҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир  фарҳам меорад, ки танҳо дар ҳамбастагию ҳамкорӣ метавон бар зидди онҳо мубориза бурд. Дар ҳақиқат, воқеаю ҳодисаҳое, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон рух медиҳанд, шаҳодати онанд, ки ягон давлат наметавонад аз амалҳои террористӣ эмин бошад.

«Ҳодисаву воқеае, ки имрӯзҳо дар Ироқ, Сурия, Ливия, Афғонистон ва дигар мамлакатҳо рух дода истодаанд,  ҳушдор барои ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳамоҳангӣ, якҷоягӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи моро бар зидди душмани умумӣ тақозо менамоянд», — иброз дошт Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон. Ӯ гуфт, ки бо назардошти васеъ гардидани таҳдиду хатарҳои терроризм Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016   маротибаи дуюм Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи амалии онро қабул кард.
Р,Рахимзода

Оид ба муҳимияти чораҳои қабулгардида дар соҳаи мубориза бо терроризм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар  суханронии худ дар  иҷлосияи 72-юми  Маҷмаи Умумии СММ, ки 20-уми сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, таъкид намуданд.

Тавре Рамазон Раҳимзода хотирнишон сохт,  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳо дар собиқ  Иттиҳоди шӯравӣ мебошад, ки бо мушкилоти терроризм ва экстремизм дучор гардида буд. «Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз давлатҳои мухталиф зархаридон фаъолият намуда, амалҳои диверсионӣ-террористӣ анҷом медоданд, — изҳор намуд ӯ. —  Мо тибқи талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва расмиёти пешбининамудаи Интерпол онҳоро дар кофтукови байналмилалӣ эълон намудаем».

Дар идомаи  суханронии  худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва маблағгузорӣ шудани ташкилотҳои террористӣ аз фоидаи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ибрози андеша намуд.

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади муборизаи дастаҷамъона бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор барои солҳои 2013-2020» ва Барномаи соҳавӣ оид ба татбиқи он қабул карда шуд.

Бо шарофати қабули чораҳои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар поёнии суханронии худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои паст намудани сатҳи таҳдиду хатарҳои замони муосир,  аз ҷумла, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва нақши «Интерпол» дар таъмини ҳуқуқтатбиқкунии ҷаҳонӣ бо роҳи ҳамкориҳои дастаҷамъонаи давлатҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ба роҳ мондани роҳҳои нави ҳамкорӣ, коркарди Созишномаҳои нави самарабахш оид ба ҳамкориҳои васеъ ва дигар мавзӯҳои мубрам фикру андешаҳои худро иброз дошт.

Р,Рахимзода 1

 

Сентябрь 29, 2017 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бесилоҳшавӣ то 28 март давом мекунад
Шумораи ҳалокшудагон бар асари сӯхтор дар меҳмонхонаи Туркия ба 76 нафар расид
Байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва кумакҳои Шоҳ Салмон оид ба татбиқи лоиҳаи «Сабади озуқаворӣ-2025» Созишнома ба имзо расид
Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Созмони исломии амнияти озуқаворӣ ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона равон намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси авруосиёии занон-ихтироъкорон ва соҳибкорони технологӣ иштирок намуданд
27 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
22 январ дар Тоҷикистон борону барф меборад
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Соли 2024 корхонаҳои саноатии Душанбе ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ВА ФАРОҲАМОВАРИИ ЗИНДАГОНИИ ШОИСТА. Андешаҳо дар ин мавзуъ