«ЭКСПО-2017» — қадаме ба пеш, ба сӯи муаррифии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ҷаҳониён

Сентябрь 19, 2017 15:37

ДУШАНБЕ,19.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол  дар намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017», ки аз 10 июн то 10 сентябри соли 2017 дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона баргузор гардид, ба дастоварди бузург —  Ҷоизаи тиллои Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017» мушарраф гардид.

Дар ин росто раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, ки ҳамзамон  Комиссари генералии экспозитсияи Тоҷикистон  дар намоишгоҳ  буд,  зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2017» таҳти шиори «Истифодаи оқилонаи захираҳои об ва неру» иштирок намуда,  иқтидорҳои бои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муаррифӣ намуд.   Мавсуф афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади ноил гардидан ба комёбиҳои бузург дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ аз тамоми имконоти мавҷуда ба таври фаровон истифода намуд. Хусусан бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, дар экспозитсияи Тоҷикистон намоиши раванди татбиқи пешниҳоди чор ташаббуси пурарзиши Сарвари давлати Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид — дар соли 2003 таҳти унвони «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 «Об барои рушди устувор», ки онро 200 давлати ҷаҳон дастгирӣ намуданд, муаррифӣ карда шуд.

image-0-02-04-e7dfc6bf571f3c31078bf7df1fc416396f0826cf8f474714645071afd7899266-VДар радифи ин, дар намоишгоҳ иқтибосҳо аз лаҳзаҳои суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ вобаста ба захираҳои бои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд. Шариф Саид афзуд, ки корҳои меъморию сохтмонӣ дар ороиши экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намунаҳои захираи об, иқтидори гидроэнергетикӣ, Неругоҳи барқи обии Норак, хатҳои баландшиддати энергетикии «Лолазор-Хатлон», «Ҷануб – Шимол», харитаи захираҳои об ва гидроэнергетикӣ,  харитаи лоиҳаи «CASA-1000», тавассути экран мунтазам намоиш додани захираҳо, экспонатҳо, маводи иттилоотӣ доир ба мавзӯъ, нашри китоб ва китобчаю буклетҳо, инчунин СД-диск таҳти унвони «Раҳнамои тиҷоратӣ»-и Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Ҳамзамон гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи «ЭКСПО-2017» самтҳои афзалиятнок, қонуниятҳо оид ба ҳимояи манфиати сармоягузорон ва маълумоти муфассал,  тарҳҳои гуногун, гӯшаи таърих ва илму фарҳанги Тоҷикистон, намунаҳои ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон, назири «Ҳулбук» ва «Аҷинатеппа», акси манзараҳои дилфиреби табиати Тоҷикистон, олами ҳайвоноту наботот, хусусан дарахти баландиаш 4,5 метраи бо сангҳои гаронбаҳои кӯҳистони Тоҷикистон оро додашуда, инчунин намоиш ва фурӯши армуғонҳо дар доираи мавзӯъ муаррифӣ намуданд.   Дар радифи ин дар гӯшаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон филм оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон пайваста намоиш дода шуда, дар форуму семинарҳои дар доираи намоишгоҳ баргузоргардида ҳамзамон имкониятҳои гидроэнегетикии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд.

Золото ЭКСПО-2017Бояд тазаккур дод, ки 12 июн дар намоишгоҳи «ЭКСПО-2017» «Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.  Шариф Саид афзуд, ки новобаста ба хурд будани масоҳати  гӯшаи Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 60 метри мураббаъро ташкил медод,  бо заҳматҳои зиёди шабонарӯзӣ ва масъулияти баланди гурӯҳи корӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «ЭКСПО-2017»  дар рӯзи Истиқлолияти давлатӣ -9 сентябр миёни 115 давлати ҷаҳон ва беш аз 20 созмони байналмилалӣ ба муваффақияти бузург -мукофоти фахрии намоишгоҳ –Ҷоизаи тилло ва ҷои якум сазовор гардида, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои арзанда гирифт.  Дар зарфи се моҳ гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи  «ЭКСПО-2017» беш аз  400 ҳазор нафар намояндагони кишварҳои ҷаҳон  тамошо намуда, аз захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва манзараҳои нотакрори Тоҷикистон таассуроти нек бардоштанд.

Шариф Саид, раиси Палатаи саво ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссари генералии экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017» бо Ҷоизаи тиллои Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017» сазовор гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистонро пирӯзии бузург ҷиҳати баланд гардидани обрӯю эътибори кишварамон дар арсаи ҷаҳон арзёбӣ намуд.

Сентябрь 19, 2017 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид