Эмомалӣ Раҳмон: «Мутмаинам, ки дипломи донишгоҳҳои Чин ба ҷавонони мо дарвозаеро барои оянда боз хоҳад кард»
ДУШАНБЕ, 1.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. “Ман хурсандам, ки сол аз сол теъдоди зиёдтари донишҷӯёни тоҷик ба Чин барои омӯхтани забони Конфутсий ва забони Дэн Сяопин омада, дар беҳтарин донишкадаву донишгоҳҳои олии Чин таҳсил доранд, илму маърифат ва касбҳои муосирро аз худ менамоянд”, — изҳор намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин.
«Мутмаинам, ки дипломи донишгоҳҳои Чин ба ҷавонони мо дарвозаеро барои оянда боз хоҳад кард. Зеро умеду ормонҳои мо аз шумо — насли наврасу соҳибмаърифат, хеле калон аст»,- баён доштанд Сарвари давлат ва зимнан дар ин бобат як зарбулмасали чиниро ёдрас намдуданд: «Аз хоб дер хестӣ, рӯзатро бохтӣ, дар ҷавонӣ илму дониш аз бар накардӣ, ҳаётатро бохтӣ».
Ҳамчунин Пешвои миллат ба ҷавонон муроҷиат намуданд, ки бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои барояшон фароҳам овардашуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаашонро аз худ намоянд. Дар такя ба андӯхтаҳои маънавию ахлоқии ниёгони бузургамон, ки дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ чун офарандагони сарватҳои бузурги моддиву маънавӣ эътироф шудаанд, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ гардонанд, забон ва фарҳангу маданияти волои мардуми Чинро барои истифода дар ҳаёт ва фаъолияти минбаъда амиқ омӯзанд.
«Мо умедворем, ки шумо ба Ватан бо донишу малакаи баланди касбӣ баргашта, ба манфиати ҷомеа хизмати самараноку арзанда хоҳед кард. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумо — ҷавонон, мутахассисони соҳибилму дорои малакаи баланди касбӣ аст», — афзуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






