Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Сентябрь 13, 2017 07:38

ДУШАНБЕ, 13.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 расман оғоз бахшиданд. Дар саҳни мактаб Пешвои миллатро омӯзгорону толибилмон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Мактаби мазкур барои 760 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои шароити муосири дарсомӯзист. Сохтмони иншооти мазкур соли 2015 оғоз ёфта буд ва мактаб дар зарфи ду сол бо назардошти талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар майдони 2 гектар ба истифода дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои анҷомёфта шинос гардида, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд. Зимни боздид ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки таълимгоҳ аз чор бино иборат буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, утоқҳои муосир барои омӯзгорон, кабинетҳои инкишофи кӯдак, ҳамшираи шафқат, муҳосибот, синфхонаҳо барои дарсҳои иловагӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.  Ҳамчунин барои толибилмон толори варзишии муосир бо 200 ҷои нишаст, маҷлисгоҳ бо 214 ҷои нишаст, ошхона бо 60 ҷой ва китобхона бо 32 нишастгоҳ бунёд ёфтааст.

Синфхонаҳои муассисаи навтаъсис тариқи буғхона, ки бо технологияи ҳозиразамон сохта шуда,  бо ангишт фаъолият мекунад,  гарм карда мешаванд.

Фармоишгари Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда,  лоиҳаи мактаб аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Панасиа ЛТД»  таҳия шудааст.

Иншооти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд бо харҷи  15,5 миллион сомонӣ  бунёд карда шуд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дидан карда, бо фаъолияти кишоварзон аз наздик шинос шуданд.

Деҳқонони ноҳия маҳсули дастранҷи худро, ки иборат аз меваҳои тару тоза, зироат ва  сабзавот буд, ба намоиш гузоштанд. Гуфта шуд, ки бо ба роҳ мондани тадбирҳои саривақтӣ дар ин ноҳияи дурдаст ҳамасола кишоварзон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Ҳамзамон занони ҳунарманди ноҳия низ дар ин рӯз маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ иборат буд.

Бешак намоишгоҳи имрӯза аз кори пурмаҳсули деҳқонони ноҳия, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар порча замин ва дар маҷмўъ, рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳодат медод.

Пас аз ифтитоҳи муассисаи таълимӣ ва боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимиву судманд анҷом доданд.

Пешвои миллат бо таҳлили дақиқу амиқи вазъи дирӯзаву имрӯзаи ноҳия, барои пешбурду рушди бештари  бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таклифу пешниҳодҳои дақиқу асоснок карданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 13.09.2017

Сентябрь 13, 2017 07:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон