Интиқоли ғайриқонунии 1 ҳазору 500 килограмм шакари истеҳсоли Қирғизистон пешгирӣ гардид

Сентябрь 19, 2017 15:48

ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд 21 августи соли ҷорӣ, тахминан соати 19:00 дар роҳи мошингарди самти «Бобоҷон Ғафуров — Гулистон», дар ҳудуди шаҳри Гулистон воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес -416», рақами қайди давлатиаш 22 01 КЕ 02, таҳти ронандагии шаҳрванд Ф. С., соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон, барои азназаргузаронӣ боздошта шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми тафтиш муайян гардид, ки дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 1 ҳазору 500 килограмм шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷуд буда, ин миқдор мол ба худи ронанда Ф.С. тааллуқ доштааст.

Шакар1Зимни тафтишот номбурда гуфт, ки молро аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як шахси ба ӯ ношиноси қирғиззабон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш ба шаҳри Гулистон интиқол диҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Ф.С. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 579-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии ‘Тоҷикистон оғоз карда шуд.

Сентябрь 19, 2017 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад