Истифодаи муштараки оби дарёҳои Тоҷикистону Афғонистон ба манфиати кишоварзони ҳарду давлат аст
ХОРУҒ, 30.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ дар чаҳорчӯби лоиҳаи Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид таҳти унвони «Таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи гидрология ва муҳити зист» бо ширкати мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамоиши минтақавӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози ҳамоиш мутахассисон ба деҳоте, ки қад-қади марзи муштарак ҷо гирифта, бештар аз ҳазор километр тӯл доранд, сафар намуданд. Ба гуфтаи доктори илмҳои биологӣ Абдулназар Абдулназаров, «дар ҳудуди вилояти Бадахшони Тоҷикистон заминҳои тахту ҳамвор ва барои кишт мувофиқе мавҷуданд, ки об надоранд. Дар ҳамин ҳол дар рӯ ба рӯи ин мавзеъ дар вилояти Бадахшони Афғонистон оби фаровон аз кӯҳсорон ҷорӣ шуда, ба дарёи Панҷ мерезад. Чунин вазъ дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти мо низ ба мушоҳида мерасад, ки об фаровон аст, аммо замин вуҷуд надорад. Имкон аст, ки кишоварзони вилояти ҳамҷавори мо барои обёрӣ намудани замини худ аз оби ин дарёҳои кӯҳӣ истифода кунанд».
Коршиноси масоили муҳити зисти Ҷумҳурии Афғонистон Ғулом Набӣ Сарфароз гуфт, ки «чанд сол боз дар миёни кишоварзони ноҳияҳои Дарвози Тоҷикистон ва Дарвози Афғонистон чунин мубодила роҳандозӣ шудааст. Дар мавзеи Роғаки ҷамоати Нулванд аз оби кишвари ҳамсоя баҳра мебаранд. Дар мавзеи Зиғари ноҳияи Дарвоз аз ин об деҳқонони маҳаллӣ истифода мекунанд».
Конференсия ду рӯз идома ёфт ва ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки барои дуруст истифода бурдан аз обу замин дар оянда аз болооби дарёи Панҷ ба воситаи қубурҳо ба ҳарду ҷониб об интиқол дода мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






