Конфронс ба муносибати 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо Шоҳигарии Белгия
ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар бинои Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ, савдои хориҷӣ ва ҳамкорӣ баҳри рушди Шоҳигарии Белгия ба муносибати 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Белгия конфронс баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар донданд, дар конфронс намояндагони кишварҳое, ки 25 сол қабл бо Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд, ҳузур доштанд. Конфронсро Котиби генералии Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ, савдои хориҷӣ ва ҳамкорӣ баҳри рушди Шоҳигарии Белгия Дирк Ахтен ҳусни оғоз бахшида, дар идомаи он намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла муовинони вазирони корҳои хориҷии Беларус, Украина, сафирони Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Молдова, Қирғизистон, Гурҷистон ва мушовирони сафоратҳои Қазоқистону Туркманистон вобаста ба муносибатҳои кишварҳои худ бо Белгия тайи 25 соли охир сухан гуфтанд.
Сафири Тоҷикистон зимни суханронии худ ҷанбаҳои калидии муносибатҳои дуҷонибаро бо Шоҳигарии Белгия шарҳ дода, аз ҷумла, иброз дошт, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди робитаҳо бо Белгия дар бахшҳои сиёсиву фарҳангӣ, соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, сармоягузорӣ ва туризм буда, таҳкими ҳамкориро вобаста ба амният ва мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир айни муддао медонад”.
Муовини Нахуствазир, Вазири корҳои хориҷии Белгия Дидйе Рейндерс оид ба муносибатҳои дуҷониба бо намояндаи ҳар як кишвари дар конфронс ҳузурдошта сухан гуфта, зикр кард, ки Белгия ҷонибдори сулҳу амният, рушди иқтисодӣ ва пурқувват гардонидани равандҳои демократии минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ мебошад ва кӯшишҳои худро барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои ин манотиқ дареғ нахоҳад дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






