Кумитаи рушди сайёҳӣ сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон ба тамошои «Шоҳроҳи Абрешим» ҷалб мекунад
ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 октябр дар Душанбе Конференсияи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ» баргузор мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созмондиҳандаи асосии чорабинӣ мебошад, хабар доданд, баргузории Конференсияи байналмилалии сайёҳӣ 9 октябри соли 2017 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар назар аст. Дар заминаи он 10 октябр дар МД Боғи «Ирам» Фестивали сайёҳиву фарҳангии Мероси роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг» ба нақша гирифта шудааст.
Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳадаф аз баргузории конференсияро дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, мубодилаи афкор вобаста ба густариши ҳамкории байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои «Шоҳроҳи Абрешим», омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти ҳамгироии минбаъдаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ арзёбӣ намуд.
Дар ҳамоиш иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои олии таълимӣ дар соҳаи сайёҳӣ, сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар назар дошта шуда, инчунин меҳмонон аз як зумра мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ боздид ба амал хоҳанд овард.
Интизор меравад, ки аз ҷониби корхонаву ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагиҳои дипломатии масири Шоҳроҳи Абрешим гӯшаи фарҳангии минтақаҳо, намоиши мусаввараҳо ва ҳунарҳои дастӣ, барномаҳои фароғатӣ ва консертӣ, намоиши таомҳои хоси миллатҳои гуногун аз ҷониби сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе ташкил карда шаванд.
Қобили тазаккур аст, ки Ватани мо дар ин пайроҳаи таърихӣ қарор дорад ва бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ бо баргузории чунин чорабиниҳо талоши онро дорад, ки бо таблиғу ташвиқи бештар ҷалби сайёҳони хориҷиро баҳри боло бурдани рағбати тамошои «Шоҳроҳи Абрешим» ба Тоҷикистон афзояд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






