Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш
ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш баргузор шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки сафари имсолаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони милал заминаҳои наве фароҳам оварда, табодули афкори дуҷониба барои муайян кардани самтҳои авлавиятноки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуд.
Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар мусоидат ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва мардуми ҷаҳон барои сулҳу субот ва рушди устувор таъсиргузор арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки дар ҳамин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурдаи худро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он минбаъд низ идома хоҳад дод.
Ба нақши Тоҷикистон, аз ҷумла барои иштироки фаъол дар татбиқ ва роҳандозии Рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин ташвиқу таблиғи мудирият ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим баҳои баланд дода шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 фаъолона мусоидат намуда, дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо нақш мегузорад.
Дар мулоқот доир ба татбиқи амалии ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 ва дигар мавзӯъҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди мунтазами гидроэнергетика дар Тоҷикистон, ҷонибдорӣ аз ташаббуси “Энергияи устувор барои ҳама”, бунёди “Пули энергетикӣ”-и CASA-1000, ҳифзи захираҳои об, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, кам намудани партовҳои газҳои зарарнок ба ҳаво ва ғайра фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамдастӣ дар таъмини амнияту субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






