Мушовири Сарвазири Покистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

Сентябрь 30, 2017 10:13

ДУШАНБЕ,  30.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба масъалаҳои  амнияти миллӣ Носир Хон Ҷанҷуа зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф овард. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки мушовири Сарвазири Покистон Носир Хон Ҷанҷуа аз толорҳои шуъбаи  таърихи қадим ва  асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, бо осори фарҳангӣ, нигораҳо ва бозёфтҳои нодири бостонии Тоҷикистон, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ ва давлатдории миллии  тоҷикон мебошанд, шинос гардид. Меҳмони баландпоя дар Китоби фахрии  Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт.

Бояд тазаккур дод, ки мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Носир Хон Ҷанҷуа  бо даъвати Котиби Шӯрои амнияти  Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров  бо сафари  корӣ  ба Душанбе ташриф оварда, дар доираи сафари кориаш бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории амниятиро байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ намуданд.

Мушовири Сарвазири Покистон ҳамзамон дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон дар  Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  курсантон ва шунавандагони муассисаҳои олии низомии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.

Носир Хон Ҷанҷуаро зимни боздид аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон намояндагони  Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Тариқ Иқбол Сумро, Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.

DSC_0806 DSC_0823

Сентябрь 30, 2017 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад