«Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботи конститутсионӣ дар кишвар»-конференсияи байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботи конститутсионӣ дар кишвар»-таҳти чунин унвон судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзўи «Конститутсия ва модернизатсияи ҷомеа ва давлат», ки ҳафтаи гузашта дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба муносибати солгарди қабули Конститутсияи ин кишвар доир гардид, иштирок ва маърўза намуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Суди конститутсионӣ хабар доданд, судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода оид ба аҳамияти Конститутсия дар рушди давлатдории навин, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар ҳифзи Конститутсия, таъмини суботи конститутсионӣ ва татбиқи муқаррароти Конститутсияи кишвар сухан гуфт.
Ба иттилои манбаъ, дар кори конференсия намояндагони мақомоти назорати конститутсионии ҷумҳуриҳои Арманистон, Булғористон, Венгрия, Гурҷистон, Қирғизистон, Латвия, Германия, Туркия, Ӯзбекистон, Украина, Шоҳигарии Иордания, Федератсияи Россия, Суди иқтисодии Авруосиё, Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Мудирияти генералӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва волоияти ҳуқуқи Шўрои Аврупо, Созмони байналмилалии ҳуқуқшиносон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин олимони соҳаи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.
«Зимни конференсия, ки тайи ду рўз идома ёфт, мавзўъҳои мухталифи марбут ба Конститутсия ва конститутсионализм, аз қабили Конститутсия ҳамчун воситаи модернизатсияи ҷомеа ва давлат, татбиқи меъёрҳои Конститутсия кафили рушди ҷомеа, нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини суботи конститутсионӣ дар мамлакат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити ислоҳоти конститутсионӣ, таҷрибаи пешбурди назорати конститутсионӣ дар давлатҳои алоҳида ва дигар мавзўъҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ муҳокима гардиданд»,- илова намуд манбаъ.








Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид






