“СУЛҲ ДАР ГУЛ-ГУЛ ШУКУФТАНҲОИ ҶОНОН КИШВАР АСТ…”. 1 сентябр чун Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ низ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо Дарси сулҳ оғоз меёбад. Зеро, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз ба ин муносибат дар расми ифтитоҳи бинои нави академияи ВКД ҶТ иброз намуданд: “Дар охири асри бист ва оғози асри бистуяк сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи вобаста ба он, бемориҳои сироятӣ, шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардид.
Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса зоҳир намоем”.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ инчунин Рӯзи амалиёти итттифоқҳои касаба барои сулҳ низ таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” чунин изҳор намуданд:
Қобили зикр аст, ки ҷашни ҳамешагии иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар Соли ҷавонон ва истиқболи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон марому мазмуни нав касб намудааст.
Рӯзи 1 сентябрро мардуми сайёра ва хоса иттифоқҳои касаба ҳамчун Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ таҷлил менамоянд.
Воқеан сулҳу ваҳдат ибораҳоеянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.
Ваҳдат ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳмиву поктинату миллатдӯст будан аст.
Пойдевори ин ҷашнвора дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба тасвиб расида, амали қонунӣ пайдо кардааст.
Тараққиёти меҳнатӣ, пешрафти истеҳсолот, олами нави низоми компютерӣ ва ғайра ба рӯйи инсони муосир роҳҳои васеъ кушодаанд, ки ин бечунучаро иқтисодиёти бисёре аз мамлакатҳоро боло мебарад.
Имрӯз иттифоқ, ҳамдилӣ ва сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои ҷаҳон гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ҳар касе ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо, мо тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, рушд кард ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва ваҳдату сулҳ падидор аст.
Бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ-иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегиранд, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешаванд. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимист.
Ҳамраъйии башардӯстонаи аҳли меҳнат, ҳаракату якдилии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баромадҳои якҷоя баҳри муҳофизати ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ аз онҳо дар канор нестанд. Иштироки фаъолонаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар конфронсу машваратҳои байналмилалӣ, ки дар Булғория, Женева, Москва, Озарбойҷону Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар мамолики ҷаҳон барпо гардид, шаҳодати ин гуфтаҳоянд. Аз ин ҷост, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи маркази иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ дар ҳама гуна ҳаракатҳо ва амалиёти барои манфиатҳои ҳуқуқии аҳли меҳнат равонашуда фаъолона ширкат меварзанд ва онҳоро дастгирӣ менамоянд. Мо бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамарӯза ҳамроҳу ҳамқадам ва ҳамнафаси аҳли меҳнати кишварамон мебошанд ва дар пешрафти ҷомеаи навин мавқеи муайяни худро доранд. Мақсаду мароми он ба мустаҳкам намудани робита бо ҷомеа, таҳкими сулҳу ваҳдат, ягонагии мамлакат, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳли меҳнат равона карда шудааст.
Мо хуб медонем, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба ва обрӯю эътибори онҳо дар байни аҳли меҳнат дар зиндагии бомаром, фазои сулҳу дӯстӣ, ҷои кори ҳамешагӣ, музди меҳнати арзанда, якдилию якпорчагӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат муайян мегардад.
Аз ин лиҳоз, иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо аҳли меҳнат ҳамеша ҳамнафас буда, дар асоси ғояҳои пешрафта, ки мақсаду маромашон ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатии шаҳрвандон, сатҳи баланди зиндагӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон, интизоми хуби меҳнат, пешрафти истеҳсолот, таъмини коллективҳои меҳнатӣ дар ҳалли масалаҳои ҳаётӣ ва ғайра мебошанд, фаъолият доранд.
Ҳамасола мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 сентябр ҳамчун Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ расман таҷлил карда мешавад.
Умед аст, ки сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳамкории созмонҳо, ҷамъиятҳо ва ҳизбҳои гуногун ва, пеш аз ҳама, меҳнати бунёдкоронаи хурду бузурги ҷомеа мамлакати моро дар муддати начандон зиёд ба қуллаҳои баланди умеду орзуҳоямон мерасонад ва Тоҷикистони азиз ба кишвари мутараққии ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Тавре шоири сулҳҷӯ устод Мирзо Турсунзода гуфтаасг:
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон…