Юрий Хачатуров: «Мушкилоти Афғонистон яке аз масъалаҳои асосии фазои СААД мебошад»
ДУШАНБЕ, 08.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мушкилоти Афғонистон дар фазои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад. Дар ин самт, давлатҳои аъзои Созмон тадбирҳои муштараки дастаҷамъона меандешанд. Дар ин бора имрӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии СААД Юрий Хачатуров изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки 30 ноябр дар Минск баргузор мегардад, баррасӣ гардидааст. Барои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ даҳҳо масъалаҳо омода гардида, дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.
«Дар фарҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ман дар фаъолиятам дар ин вазифаи пурмасъул комёбиҳо орзу намуданд», — зикр намуд Котиби генералии СААД Юрий Хачатуров.
Ёдовар мешавем, ки Юрий Хачатуров 2 майи соли 2017 Котиби генералии СААД таъйин гардида буд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






