Данғара мизбони Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» мегардад

Октябрь 5, 2017 12:21

      ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар остонаи Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр таҷлил мегардад, 13 октябр дар Данғара Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара -2017» баргузор мегардад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ  бо дигар шарикони рушд аз созмондиҳандагони ин Форуми байналмилалӣ мебошанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017»,  муаррифии иқтидор ва имконоти инвеститсионии вилояти Хатлон, бахусус  Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»  ба доираҳои соҳибкорону тоҷирони хориҷӣ ва ширкатҳои пуриқтидор мебошад.

Сарчашма хабар медиҳад, ки ба Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии  муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ, олимон ва  250 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ аз кишварҳои хориҷӣ,  назири Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон,  Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо даъват гардидаанд.

 

Октябрь 5, 2017 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад