Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шуд

Октябрь 6, 2017 15:23

ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд  Фонди бозтамвил таъсис дода шуд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо Нуралӣ Шоқурбонов хабар дод.

Ба иттилои номбурда, Фонди мазкур имконият медиҳад, ки дастрасии устувори дарозмуддат барои бозтамвили дохилӣ бо асъори миллӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва бонкҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Илова бар ин, Фонд механизми самаранок ва шаффоф барои ҷалби маблағҳои иловагӣ аз донорҳо ва сармоягузороне мебошад, ки барои рушди минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон маблағгузорӣ ё сармоягузорӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли 2017 Фонди бозтамвил расман дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати адлия барои пешбурди фаъолияти Фонди бозтамвил ба муҳити ҳуқуқии кишвар тағйирот ворид намуданд ва 19 сентябри соли 2017 «Фонди бозтамвил» соҳиби иҷозатнома гардид.

4 октябри соли 2017 дар маҷлиси муштараки донорҳо ва муассиси  Фонди бозтамвил — Шӯрои сарпарастон  роҳбари Фонди бозтамвил таъйин карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки Фонди бозтамвил муассисаи устувор мебошад, ки рушди иқтисодиёт, соҳибкории хурду миёна, минтақаҳои деҳот ва аҳолии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Ташкил ва фаъолияти Фонди бозтамвил бо дастгирии Бонки германии рушд (KfW) дар чаҳорчӯбаи ҳамкории минтақавии молиявии Германия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) маблағгузорӣ карда мешавад, инчунин бо дастгирии иловагии Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад.

 

Октябрь 6, 2017 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд