Саидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигорони Туркия: “Дар кишвари мо ҳеҷ қонуне ҷиҳати эҷоди маҳдудиятҳои динӣ барои афроди ҷомеа вуҷуд надорад”
ДУШАНБЕ, 20.10.2017./АМИТ “Ховар”/. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо рӯзноманигорони Агентии давлатии иттилоотии «Анадолу» Шаҳин Демир, сармуҳарири рӯзномаи «Босфор» Талҳа Балик ва хабарнигори бахши туркии агентии «Спутник»-и Россия Алиф Судагезер нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Гузориш доир ба ин нишаст, ки дар зер ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш менамоем, дар ВАО-и давлатӣ ва ғарйидавлатии зерини Туркия ба таври густурда мунташир гардид: агентии давлатии иттилоотии «Анадолу» (дар бахши форсӣ ва туркӣ), рӯзномаи «Спутник» (бо забони туркӣ), рӯзномаи давлатии «Ҳаберлер» ( туркӣ), рӯзномаи «Йени Шафак» (туркӣ), рӯзномаи «Конҳабер» ( туркӣ), торнамои «Мемлекет» (туркӣ), хабарномаи «Истанбулгерчеғи» (туркӣ), торнамои «Мемурлар» (туркӣ).
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар суҳбат ба хабарнигорони Туркия чунин иброз дошт: “Дар кишвари мо ҳеҷ қонуне ҷиҳати эҷоди маҳдудиятҳои динӣ барои афроди ҷомеа вуҷуд надорад”. Вай суханони фавқро дар нишасти матбуотие дар минтақаи Йенибуснои Истанбул баён намуд. Дар ин нишаст Муҳаммадалӣ Раҷабиён, сафири Тоҷикистон дар Анқара ва Мизробуддин Сафаров, сарконсули ин кишвар дар Истанбул низ ҳузур доштанд.
Абдулқодирзода дар ин конфронси матбуотӣ ҳамчунин тасреҳ кард:
«Тавре, ки медонед, дар даврони Шӯравӣ маҳдудиятҳои динӣ ва мазҳабӣ вуҷуд доштанд. Масалан, дар 70 соли ҳукмронии ин давлат танҳо ҳудуди 76 нафар фаризаи Ҳаҷро анҷом дода буданд. Ин дар ҳолест, ки пас аз Истиқлол ба таври мутавассит солона 6 ҳазор ва дар маҷмӯъ 250 ҳазор нафар барои анҷоми Ҳаҷ ба шаҳрҳои муқаддаси мусулмонон сафар карданд.
Пеш аз Истиқлоли Тоҷикистон дар кишвари мо мадрасаи динӣ ва масоҷиди зиёде вуҷуд надошт. Акнун беш аз 4 ҳазор масҷид ва илова бар мадрасаҳои динӣ Донишгоҳи исломии ба номи Абӯҳанифа ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 25 олими динӣ таъсис ёфтаанд.
Мамнуияти доштани маҳосин (риш) дар Тоҷикистон барои ҳамаи мардон нест ва чунин қонуне ҳам қабул нашудааст. Ин иқдом сирфан аз ҷанбаи амниятӣ ва усулан барои мутобиқати зоҳири воқеии инсонҳо ба аксҳои шиноснома ва гузарномаҳояшон иҷро мешавад.
Албатта, далели дигар нуфузи бархе аз аносири гурӯҳҳои мухталиф аз кишвари ҳамсояи Афғонистон аст. Боз мегӯям, ки ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад ва ин иқдом танҳо барои шиносоии беҳтари шаҳрвандон мавриди истифода қарор мегирад.
Мамнуъияти эъзоми афроди то 40 сол барои анҷоми фаризаи Ҳаҷ ба сабаби ҷудо шудани саҳмияи кам барои сокинони кишвари мост. То афроди солхӯрдае, ки пештар дар даврони Шӯравӣ имкони рафтан ба Ҳаҷро надоштаанд, битавонанд роҳаттар ба орзуи худ бирсанд. Дар Ҳаҷи умра чунин маҳдудияте вуҷуд надорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қонунҳо хостори дар байн мардуми ҷомеа пешгирӣ ва аз байн бурдани хурофотест, ки ба номи дин унвон мешаванд.
Бархе аз ҳамсоягони Тоҷикистон бар асари ифротгароӣ ва тундравӣ дар масоили ақидатӣ дучори тахриби ҷиддӣ шудаанд. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ростои ҳифзи амният ин қавонинро ба тасвиб расонидааст».
Ӯ дар посух ба пурсише дар бораи «нигоҳи давлати Тоҷикистон нисбат ба сохторҳои фирқаи террористии Фатҳуллоҳ Гюлен мавсум ба «ФЕТО» — омили кудатои нофарҷоми 15-уми июл» гуфт:
«Хатароте, ки Туркияро таҳдид мекунанд, ба хотири муштаракоти фарҳангӣ ва диниву мазҳабӣ, имкон дорад Тоҷикистонро низ таҳти таъсир қарор диҳанд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин кишварҳое буд, ки кудетои нокомро маҳкум ва пас аз шиносоии омилони аслии он, фаъолияти созмонҳо ва ниҳодҳои вобаста ба ин фирқаро манъ кард.
Дар ин радиф, бояд изҳор намуд, ки Ҷумҳури Тоҷикистон низ, мутаассифона, ба кудетои ноком давлатӣ рӯ ба рӯ гардид. Моҳи сентябри соли 2015 Абдуҳалим Назарзода бо мақсади ғасби ғайриқонунии Ҳукумат ва бо дастури раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кудето даст зад. Аммо хушбахтона, бо кӯмаки мардуми шарифи тоҷик кӯшиши кудетои «наҳзатиҳо» бекор карда шуд. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки аъзои «наҳзат» ташаббускори ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошанд. Дар ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 беш аз сад ҳазор мардуми бегуноҳ бо дасти аъзои «наҳзат» кушта шуда буданд.
Омили аслии низоъ байни мусулмонон камсаводии ҷавонон аст. Қудратҳои бузург аз ин камбуд барои густариши хушунат истифода мекунанд. Омӯхтани илм ва маърифат монеи фиребхӯрдагии ҷавонон хоҳад шуд».
Муҳаммадали Раҷабиён, сафири Тоҷикистон дар Туркия низ сафари муфтии аъзамро гоми арзанда дар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ва муаррифии Тоҷикистон ба мардуми Туркия хонд ва гуфт:
«Ман аз ҳама даъват мекунам, ки ба Тоҷикистон сафар карда ва аз наздик озодиҳои динӣ ва виҷдонии инсонҳо дар ин кишварро мушоҳида кунанд».
Гуфтанӣ аст, ки Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии аъзам ва Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ин нишаст бо профессор Ҳасан Комил Йелмоз, муфтии Истанбул дидору гуфтугӯ карда буд.








Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба таъмини бехатарии радиатсонӣ машварат баргузор шуд
Нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад






