ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал ғалаба кард!

Октябрь 11, 2017 08:57

ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чоруми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019 бар дастаи мунтахаби Непал  бо натиҷаи 3:0 ғалаба карда,  дар гурӯҳи F шумораи холҳояшро бо дастаи мунтахаби Яман баробар кард.

Бозӣ бо бартарии футболбозони тоҷик гузашт. Дар натиҷа муҳофизатгарони дастаи мунтахаби Непал ба фишори дастаи мунтахаби Тоҷикистон тоб оварда натавониста, се маротиба дар майдони назди дарвозаашон  қоидаи бозиро дар муқобили ҳамлагарони мо вайрон карданд ва довари вохӯрӣ Моъуд Бунёдифард  се зарбаи 11-метра таъйин кард. Нуриддин Давронов (дақиқаи 20-ум, 1:0), Парвизҷон Умарбоев (60, 2:0) ва Манучеҳр Ҷалилов (87, 3:0) тӯбҳоро ба нишон расониданд. Дар бозии дуюми гурӯҳи F дастаи мунтахаби Яман бо Филиппин қувва озмуда, вохӯриро бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дод. Ин натиҷаи баробар ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон имкон дод, ки фарқи холҳояшро бо яманиҳо баробар намояд.

Ба ҳамин тартиб, бозии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Яман, ки 14 ноябр дар Тоҷикистон мегузарад, масъалаи ба бозиҳои финалӣ рафтани яке аз ин дастаҳоро маълум мекунад.

Дар таърихи футболи Тоҷикистон бори аввал дастаи мунтахаби мо дар як вохӯрӣ ба задани се зарбаи пеналтӣ сазовор шудааст.

Гурӯҳи F

ТОҶИКИСТОН– Непал – 3:0

Голҳо: Нуриддин Давронов, 20 – аз пеналтӣ (1:0). Парвизҷон Умарбоев, 60 – аз пеналтӣ (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 87 – аз пеналтӣ (3:0).

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (Искандар Ҷалилов, 46), Парвизҷон Умарбоев (Шериддин Бобоев, 80), Дилшод Восиев (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Манучеҳр Ҷалилов.

Довар дар майдон: Моъуд Бунёдифард (Эрон).

Гурӯҳи F

Дастаи мунтахаби Яман – Филиппин 1:1

Голҳо: Тавфиқ Алӣ (63,1:0) , Майк Отт (89, 1:1).

Гурӯҳи  F

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
ФИЛИППИН 4 2 2 0 11-4 8
ЯМАН * 4 1 3 0 5-4 6
ТОҶИКИСТОН * 4 2 0 2 9-7 6
НЕПАЛ 4 0 1 3 2-9 1

 

* Бо сабаби он ки дастаи мунтахаби Яман дар бозии аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бо натиҷаи 2:1 мағлуб кардааст, дар ҷадвали раддабандии гурӯҳ ин натиҷа таъсиргузор аст.

tajikistan-nepal5 tajikistan-nepal9

Октябрь 11, 2017 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид