Хонандагони деҳаи Рошорви водии Бартанги Рӯшон соҳиби бинои нави таълимӣ гардиданд

Октябрь 19, 2017 12:06

ХОРУҒ, 18.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-и деҳаи Рошорви водии Бартанг  дар ҳузури   намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати маориф ва сокинони деҳа дари худро ба рӯи хонандагону омӯзгорон боз кард. Раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хуҷаназар омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳоро бо ифтитоҳи бинои нави мактаб табрик карда,  гуфт, ки «онҳо бояд бо истифода аз шароити мусоид барои боло бурдани сатҳи дониш ва истеъдоду маҳорати хеш бештар саъю талош намоянд. Зеро ободию пешрафти кишвар  дар оянда аз мутахассисони кордону варзида вобаста аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарки ин нукта аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятнок эълон кард». Раиси ноҳия иброз дошт, ки танҳо дар водии Бартанг соли равон бинои панҷ муассисаи таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Барои бунёди бинои мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 миллиону 170 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Сохтмончиёни Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ганҷи шоҳроҳ» мутобиқи нақша онро дар давоми ду сол ба истифода доданд. Директори муассисаи мазкур Мусаммиршо Қизилов гуфт, ки дар мактаб қариб 200 хонанда таҳсил мекунанд. Бинои кӯҳнаи таълимгоҳ  синфхонаҳои тангу торик дошт ва омӯзгорон барои гузаронидани дарсҳои асосию иловагӣ ва маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ миконият надоштанд. Дар бинои нав ҳамаи шароит барои таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Бино дорои 12 синфхонаи васеъ ва воситаҳои таълимӣ, кабинети компютерӣ ва утоқи омӯзорон мебошад.

 

Октябрь 19, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад