Ибодулло Машраб ва Бахтиёр Сайфуллоев оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон суҳбат карданд

Октябрь 12, 2017 10:34

ДУШАНБЕ, 12.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд мулоқоти ҳайати расмии Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон  бо роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ўзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот инчунин сардори шуъбаи робитаҳои байналхалқии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷабборов, роҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, директори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода  иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар, таҳкими робитаҳо, ташкили барномаҳои консертии сарояндагон дар ҳар ду кишвар, инчунин ҳамкории Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ва Муассисаи давлатии «Ўзбекконсерт» суҳбат намуданд.

Вохўрӣ дар фазои дўстона сурат гирифт.

 

Октябрь 12, 2017 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад