Иштироки Академияи мақоми Тоҷикистон дар Фестивали IV байналхалқии мусиқӣ дар Москва
ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Фестивал- симпозиуми IV байналхалқӣ таҳти унвони «Харитаи мусиқии ҷаҳон» ифтитоҳ ёфт, ки дар он гурўҳи санъаткорон аз Академияи мақоми Тоҷикистон бо сарварии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов иштирок доранд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивал аз ҷониби Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И.Чайковский ва Маркази илмию эҷодии «Музыкальные культуры мира» баргузор гардида, дар барномаи он дарсҳои назариявӣ, дарсҳои сайқали маҳорат ва барномаҳои консертӣ ҷой дода шудаанд.
Дар фестивал устодони санъати касбӣ ва коршиносон аз Бразилия, Индонезия, Германия, Эрон, Япония ва дигар кишварҳо иштирок доранд.
Дар доираи фестивал Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов дар мавзӯи «Арӯз ва мусиқӣ» ба иштирокчиёни Фестивал маърузаи худро манзур дошт ва дар мавзӯи «Бастакорӣ — эҷодиёти овозхонии анъанавӣ» дарси сайқали маҳорат гузаронид.
Бояд тазаккур дод, ки фардо, 24 октябри соли ҷорӣ дар толори консертии ба номи Н. Я. Маяковский барномаи консертӣ таҳти унвони «Олами беканори Шашмақом» баргузор мегардад. Дар он устодони санъати тоҷик Абдувалӣ Абдурашидов, Сироҷиддин Ҷўраев, Ҷамшед Эргашев ва Насиба Омонбоева ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






