Лоиҳаи «ИнфоТур Across Tajikistan» оид ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «ИнфоТур Across Tajikistan», ки бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», оҷонсии сайёҳии «Скай Тур» ва меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси» дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, анҷом ёфт.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, лоиҳа бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва таблиғи кишварамон дар саросари ҷаҳон тарҳрезӣ шуда, дар доираи он барои 11 нафар намояндагони оҷонсиҳои сайёҳӣ, блогерҳо ва хабарнигорон аз Швейтсария, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Россия ва Қазоқистон барномаи васеи боздид аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон пешбинӣ гардида буд.
Дар доираи лоиҳа иштирокдорон табиати зебо ва мавзеъҳои шаҳри Душанбе, Ҳисор, Кӯлоб, навоҳии Дарвозу Восеъ, Данғара, шаҳри Норак, водии Зарафшон, шаҳри Панҷакент ва дигар минтақаҳои ҷумҳуриро тамошо карданд.
Инчунин зикр гардид, ки дар расми хотимавӣ намояндагони кумитаи тадорукоти лоиҳа – сардори хадамоти роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Бригитта Уэйрэм, директор оид ба маркетинги оҷонсии сайёҳии «Скай Тур» Тахмина Баҳронова, ҳамчунин муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иштирок намуданд.
Инчунин ҳайати меҳмонони хориҷӣ таассуроти худро баён намуда, иброз доштанд, ки «Тоҷикистон кишвари зебову нотакрор буда, фарҳанги бою мардуми меҳмоннавоз ва иқтидори бузург барои рушди туризм дорад».








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






